Дев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Дар афсонаҳои тоҷикӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 8:
Паҳлавонон бо девҳо се шабу се рӯз ва ё ҳафт шабу ҳафт рӯз куштӣ мегиранд ва ниҳоят девҳоро мағлуб карда, шоҳдухтаронро аз асорати онҳо наҷот дода, дар охир арӯси худ менамоянд.
Дар афсонаву бовархоибоварҳои асотирӣ паҳлавононе чун [[Ҷамшед]], [[Таҳмурас]], [[Эраҷ]], [[Рустам]], [[Сулаймон]], [[Амир Ҳамза]], [[ҳазрати Алӣ]] ва дигарон бо лашкари девҳо ҷангида онҳоро то паси кӯҳи Қоф ронда, пеши роҳашонро маҳкам мекунанд ва ё ба тобеияти худ медароранд. Дар афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» девҳо одамони ҳунармандро рабуда, ба мулки худ мебаранд ва онҳоро тилисму ҷоду намуда, аз заҳматашон истисмор мекунанд. Аммо Эраҷ ҳамаи тилисмҳоро шикаста, бо дев меҷангад ва ҳамаро қаҳр намуда, бандиёнро озод ва падарашро пайдо мекунад.
Тибқи баъзе қиссаҳо, Ҷамшеду Сулаймон девҳоро ба итоати худ дароварда будаанд ва тилисми онҳо дар ангуштарини онҳо ҷойгир будааст. Девҳо барояшон хонаву қасрҳо, чорбоғу гулзорҳо месохтанд ва тахти онҳоро бардошта, аз мулк ба мулки дигар парвоз мекардаанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Дев"