Бадминтон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 4:
 
== Таърих ==
Бадминтон дар Ҳиндустон «пуона» ном дошт. Афсарони анлис, ки дар Ҳиндустон буданд, василаҳои ин бозиро ба Англия бурданд. Соли 1873 дар ҷашне, ки шавқманди варзиш ва ношири силсилаи китобҳо оид ба навъҳои варзиш герсог Дик Бофорт дар хонааш барпо кард, ин бозӣ ҳам баргузор шуд. Чун номи қаср Бадминтон буд, ин бозӣ ҳам бадминтон ном гирифт. Аввалин клуби бадминтон дар Англия соли 1877 ташкил карда шуд ва тавъам бо он қонуну қоидаҳои онро низ эълом намуданд. Федератсияи байналмилалии бадминтон соли 1934 ташкил карда шуд, ки 149 федератсияи миллиро муттаҳид менамояд (2005). Оид ба бадминтон аз соли 1968 чемпионати Аврупо, аз соли 1977 чемпионати ҷаҳон доир карда мешавад. Бозии бадминтон соли 1992 ба Бозиҳои олимпӣ дохил карда шуд ва ба сурати дунафара ва чаҳорнафара барои мардон ва занон баргузор гардид. Аз олимпиадаи соли 1996 бозии мухталифи мард ва зан (дунафара) низ ҷорӣ карда шуд. Дар Тоҷикистон аз соли 1963 федератсияи бадминтон вуҷуд дорад. Аз соли 1974 дар ҷумҳурӣ оид ба бадминтон мусобиқаи варзишӣ доир карда мешавад. Ҳоло дар ҷаҳон варзишгарони осиёӣ (Хитой, Ҷумҳурии Корея, Индонезия) афзалият дошта, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ 90 дарсади медалҳоро ба даст меоранд. Баъд аз онҳо варзишгарони Аврупо (Дания, Англия, Россия, Олмон, Нидерландия ва ғ.ғайра) меистанд.
 
== Муқаррароти бозӣ ==