Ген: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎Асоси молекулярӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
 
Сатри 7:
 
== Асоси молекулярӣ ==
Мавҷудоти зинда аз рӯйи нишонаҳои сохти ҳастаи ҳуҷайра ба ду гурӯҳ – эукариотҳо ва прокариотҳо тақсим мешаванд. Дар эукариотҳо, аз ҷумла инсон, ҳар хромосома як молекулаи дарози КДН дорад, ки мумкин аст ноқили чандин ҳазор ген бошад. Дар прокариотҳо мушобеҳи хромосома молекулаи ягонаи КДН аст. Он дорои садҳо ген мебошад, ки ба дарозии молекула пасопеш ҷой гирифтаанд. Дар эукариотҳо ва прокариотҳо ғайр аз гени хромосомаҳо, ҳамчунин генҳои дигаре мавҷуданд, ки дар молекулаҳои кӯтоҳтари КДН (митохондрия, хлоропласт ва ғ.ғайра) ва плазмидаҳо (омилҳои ҷинсии бактерияҳо, муқобилат ба антибиотикҳо ва ғ., ки дар ситоплазмаи ҳуҷайра ҷойгиранд) қарор доранд (генҳои ситоплазмавӣ). Маҷмӯи генҳои хромосомаи ҳуҷайраи эукариотҳо (ё хромосомаи ягонаи прокариотҳо), сарфи назар аз генҳои протоплазмавӣ, геноми ҳуҷайра ном гирифтааст. Маҷмӯи генҳои ситоплазмавӣ плазмон номида мешавад.
 
Маҷмӯи аломатҳои ирсии организм, аз ҷумла гени хромосомаҳо ва ситоплазмаро генотипи ҳуҷайра, маҷмӯи нишонаҳои ботинию зоҳирии организмро фенотип меноманд. Ҳуҷайраҳои мавҷудоти олиташаккул ва одам аз маҷмӯи дучандаи хромосомаҳои диплоидӣ иборат буда, ду адад геном доранд. Баъзе ҳуҷайраҳои ҷисми инсон аз маҷмӯи сечандаи хромосомаҳо таркиб ёфтаанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ген"