Ҳоҷӣ Содиқ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 27:
|имзо =
}}
'''Ҳоҷӣ Содиқ''' (''Ҳоҷӣ Содиқов''; [[25 октябр|25 октябри]] [[1913]], [[Конибодом]] – [[17 декабр|17 декабри]] [[1990]], [[Душанбе]]) — [[нависанда]], рӯзноманигор ва драматурги маъруфи тоҷик. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1973), Корманди Хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон (1979).
'''Ҳоҷӣ Содиқ''' — [[нависанда]], узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1956)
 
==Зиндагинома==
Аз оилаи косиб. Донишгоҳи  педагогии шаҳри Ленинобод, ба номи С. И. Кировро хатм кардааст (1956). Аз соли 1941 то 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зидди фашистони немис ҷангида, соли 1943 дар муҳорибаи Сталинград  сахт маҷрӯҳ шудааст. Солҳои 1943-1945 муҳаррири газетаи «Стахановчӣ», солҳои 1945–1946 котиби Комиҷроияи вилояти Ленинобод, солҳои 1946–64, ҷонишини муҳаррир ва муҳаррири  рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», солҳои 1964-1980 сармуҳаррири рузномаи «Совет Тожикистонӣ», аз  соли 1980 дар нафақа буд.
'''Ҳоҷӣ Содиқ''' [[25 сентябр]]и соли [[1913]] дар [[шаҳр]]и [[Конибодом]] ба ҷаҳон омадааст. Донишомӯзиро дар [[мактаб]]и куҳна сар карда, дар мактаби шӯравӣ давом додааст. Баъди хатми Техникуми мусиқии [[Хуҷанд]] дар колхози ба номи И.В. [[Сталин]], баъдан «Коминтерн»-и ноҳияи [[Ленинобод]] котиби созмони комсомолон будааст. Аз соли 1936 ба [[рӯзноманигор]]ӣ машғул шуда, чанде муҳарририи [[рӯзнома]]ҳои «Ғалаба», «Стахановчӣ» ва «Бо роҳи [[Ленин]]ӣ»-ро бар уҳда доштааст. Аз рӯзҳои аввали [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] дар муҳорибаҳо роҳбари сиёсӣ ва қумондони ротаи пулемётчиён, иштирокчии муҳорибаи Сталинград будааст. Дар назди Харков захмӣ шудааст. Дар ҳамин муҳориба 23 декабри соли 1942 (маротибаи савум) сахт ярадор шуда, муддате дар госпитал табобат гирифтааст. Моҳи июли соли 1943 аз ҷанг баргашта, муҳаррири [[рӯзнома]]и вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» таъйин шудааст. Сипас котиби Кумиҷроияи вилояти Ленинобод, муҳаррири рӯзномаҳои [[вилоят]]ӣ ва марказии «Совет Тоҷикистони» (1964-1979) будааст. Вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 7-9). Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 18 декабри соли 1990 аз олам даргузашт.
 
==Эҷодиёт==
'''Ҳоҷӣ Содиқ''' аз [[нависанда]],соли 1956 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]], Вакили шӯрои олии РСС Тоҷикистон (1956даъватҳои 7, 8, 9) буд.
[[Ҳикоя]]ҳои аввалинаш, ки ҳаҷвӣ-мутоябавӣ буданд, аз солҳои 30-юми асри гузашта дар [[рӯзнома]]ю [[маҷалла|моҳнома]]ҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд. [[Китоб]]и аввалинаш «Яъне, ки масалан» соли 1963 интишор ёфтааст. Силсилаи очерку фелетону ҳаҷвияҳои ӯ дар саҳифаҳои [[матбуоти даврӣ]] ва китобҳои «Қаҳрамони шайдоӣ» (1951), «Аз [[Масчоҳ]] то Масчоҳ» (1961), «Аскари ношинос» (1966), «Сироҷиддин-ака» (1972) ва ғ. ба чоп расидаанд. Ҳамчунин, [[муаллиф]]и [[китоб]]и ҳикояҳои ҳаҷвии «Шафқат кунед, дӯстон!» (1971), «Додамро ба кӣ гӯям?» (1970), «[[Қисса]]и [[буз]]и бериш» (1978) ва ғ. мебошад. Барои бачагон ҳам асарҳо навиштааст. Дар ҳикояву намоишномаҳои ҳаҷвӣ образи қаҳрамононашро содаю оммафаҳм ва равшану шинохтанӣ тасвир кардааст. Дар мавзӯи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] ҳикояҳои ҷолибе навиштааст, ки хонандаро ба ватандӯстию шинохтани қадри зиндагӣ ҳидоят мекунанд. Дар жанри драматургия низ пурмаҳсул кор кардааст. Аз ҷумла, пйесаи «Духтари сӯфӣ»- ашро соли 1937 дар саҳнаи театри колхозӣ намоиш додаанд. Баъдан намоишномаҳои «Қумрӣ», «Ҷони нодон дар азоб», «[[Таърих]]и тоқӣ» (1959), «Бемории ногаҳонӣ» (1960), «[[Кӯза]]и сеҳрнок» (1970), «Туҳфа» (1972), «Дили озурда» (1972), «Эшони риш» (1974), «Виҷдон» (1977), «Воқеаи мошини сабукрав» (1978)-ро таълиф намудааст. Аз ҳама беш намоишномаи мазҳакавии «Интихоби домод» (1962)-аш шӯҳрати зиёд ёфта, дар саҳнаи [[театр]]ҳои [[Тоҷикистон]]у [[Ӯзбакистон|Ӯзбекистон]] борҳо намоиш дода шудааст. Соли 1980 намоиши 600-умини «Интихоби домод» баргузор гардидааст, ки рекорди соҳавист. Бештар аз 300 минётури телевизионӣ, асари ёддоштии «Қаҳрамони нахустин», [[роман]]ҳои «Гардиш» (1986) ва «Қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ донад» (1987) ба [[қалам]]и ӯ тааллуқ доранд. Намунаҳое аз асарҳои ӯ ба бисёр [[забон]]ҳои дигар тарҷума шудаанд. Соли 2003, ба муносибати 90-солагии [[нависанда]], [[роман]]и ӯ «[[Каждум]]и зери бӯрё» пешкаши муштариёнаш гардид.
 
== Эҷодиёт ==
 
=== Очерку ҳикояҳо ===
Ҳоҷӣ Содиқ муаллифи очеркҳо, фелйетонҳо, ҳикояҳо ва драмахои ҳаҷвӣ, асарҳо барои бачагон мебошад. Беҳтарин очеркҳои ӯ дар маҷмӯаҳои «Қаҳрамони шайдонӣ» (1951), «Аз Мастчоҳ ба Мастчоҳ» (1951), «Аскари ношинос» (1966) ва ғ. гирд оварда шуданд. Нависанда дар очеркҳояш диловариҳои ҷангию меҳнатии  одамони ҷумҳуриро инъикос намудааст. Дар ҳикояҳо (маҷмӯаҳои «Яъне ки масалан», 1963, «Шафқат кунед дӯстон», 1971; «Додамро ба ки гӯям?», 1973, «Қиссаи бузи бериш», 1978; «Моҳияти масъала», 1970 ва драмаҳои ӯ «Духтари суфӣ» (1937; «Ҷони нодон дар азоб»,1956; «Бемории ногаҳонӣ», (1960), «Интихоби домод»  (1962), «Қумрӣ», (1968)»Дили озурда», 1970, «Эшони риш», 1974 ва ғайра хислатҳои бади барои ҷамъияти мо зарароварро фош кардааст. Ба қалами Ҳоҷӣ Содиқ асари ёддоштҳои «Қадамхои нахустин» ва романҳои «Гардиш» (1986), «Камолот», «Чоҳкан зери чоҳ» (1986), «Каждуми зери бурё» (2003), «Тӯй болои тӯй» (2015) тааллуқ доранд.
 
=== Асарҳои телевизионӣ ===
Ҳоҷӣ Содиқ асарҳои телевизионии бисёр низ менавишт. Пйесаҳои телевизионии ӯ, ки характери тарбиявй ва хаҷвӣ доштанд, дар байни мардум  хеле хуб пазируфта шудаанд. Масалан, яке аз пйесаҳои хаҷвиявии эшон «Эҷодкор», ки дар он каҳрамонони асосиро [[Убайдулло Раҷабов]] ва [[Раҷабгул Қосимова]] бозидаанд, то ҳол дар телевизионҳои ҷумҳуриявй ва маҳаллӣ бинобар замонавй буданашон намоиш дода мешаванд. Пйесаи «Интихоби домод» бошад, ки роли асосиро ҳунарпешаи бомаҳорат ва хеле дар байни мардум маъмулу маҳбуб [[Бурҳон Раҷабов]] бозидааст, ҳамеша дар театри ба номи Лохутӣ бо аншлаг (бидуни ягон ҷои холй) мегузашт. Ин намоиш дар театр ва дар сафарҳои хориҷии он то 2000 маротиба намоиш дода шуда буд.
 
=== Тарҷумонӣ ===
Ҳоҷӣ Содиқ дар тарҷумонӣ низ маҳорати калон дошт. ӯ асари  бисёр нависандагони ӯзбекро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла ӯ асари нависандаи ӯзбек Саид Ахмад «Исёни арӯсон» ва «Исёни арӯсон -2»-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст  ва ба қавли худи Саид Аҳмад тарҷумаи асарҳо аз аслиаш хеле беҳтар баромадаанд. «Исёни арӯсон» дар дили тамошобинон хуб ҷой гирифта, дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи К.Ҳуҷандӣ солҳои сол дар репертуари театр яке аз спекталҳои асосӣ маҳсуб меёфт ва дар байни омма хеле маъмул гаштааст.
 
== Ордену ҷоизаҳо ==
Бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи 1 ва 2), чор ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва ҷун журналисти мумтоз бо мукофоти ба номи Лохутй соли 1980 сарфароз гардидааст.
 
Соли 1193 дар вилояти Суғд мукофоти ба номи Ҳоҷӣ Содиқ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола рӯзномнигорони фаъоли вилоят рӯзи рӯзноманигорони ҷумҳуриявӣ –11 март сарфароз гардонида  мешаванд.
 
== Ҷоизаҳо ==
*Арбоби фарҳанг ва Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.
*Ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ»
*Чор Ордени «Нишони фахрӣ».<ref>Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.224-225 ISBN 978-99947-2-379-9</ref>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}