Молено (филм): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
 
{{Филм}}
 
'''"«Малена"»''' ( {{Lang-it|Malèna}})  — филми итолиёвии соли 2000, ки аз ҷониби коргардон Ҷузеппе Торнаторе аз рӯи достони ҳамноми Лучано Винчензоли таҳия шудааст. Нақшҳои асосиро ҳунарманди майлдоштаи итолиёвӣ Ҷузеппе Сулфаро (ӯ ҳангоми наворбардорӣ 16 сол дошт) ва [[Мунико Беллуччӣ|Моника Беллуччи]] иҷро карданд .
 
'''"Малена"''' ( {{Lang-it|Malèna}}) — филми итолиёвии соли 2000, ки аз ҷониби коргардон Ҷузеппе Торнаторе аз рӯи достони ҳамноми Лучано Винчензоли таҳия шудааст. Нақшҳои асосиро ҳунарманди майлдоштаи итолиёвӣ Ҷузеппе Сулфаро (ӯ ҳангоми наворбардорӣ 16 сол дошт) ва [[Мунико Беллуччӣ|Моника Беллуччи]] иҷро карданд .
 
== Сужа ==
Филм ҳамчун хотираҳои кӯдакии қаҳрамони филм, ки дар давраи [[Ҷанги дуюми ҷаҳон|Ҷанги Дуюми Ҷаҳон]] сипарӣ шудааст, қисса мешавад. Қаҳрамони асосӣ Ренато дар наврасӣ бо волидайнаш ба шаҳраки хурди Сисилия мекӯчанд. Падараш ба ӯ як дучархаи нав мехарад, то Ренато ба ҳамсинфонаш ҳамроҳ бозӣ кунанд.
 
Пас аз дарс кӯдакон дар бораи духтари муаллими адабиёти худ  — Маленаи бисту ҳафтсола, ки зебоии ӯ сокинони шаҳрро ба ҳайрат меорад, муҳокима мекунанд. Бачаҳо ӯро дар кӯча тамошо мекунанд ва хаёлоти самимии худро бо Малена бо ҳамдигар нақл мекунанд. Инчунин падари ношунавои ӯро масхара мекунанд. Малена шавҳарашро ба артиш гусел кардааст ва ҳоло бо маоши ӯ бо падараш зиндагӣ мекунад. Духтар мекӯшад, ки худаш кор ёбад, аммо ҳеҷ кадоме аз мардон ӯро аз тарси занҳояшон ба кор намегиранд ва худи занҳо дар бозор аз фурӯши маҳсулот ба вай саркашӣ мекунанд. Сокинон дар бораи бадахлоқии ӯ овозаҳо паҳн карданд, мардон кӯшиш мекунанд, ки дӯстдори ӯ шаванд, аммо Малена ба шавҳараш содиқ мемонад.
 
Ренато ӯро аз тарқишҳои деворҳои хонааш пинҳонӣ мушоҳида мекунад. Вай сабти суруде, ки Малена бо он мерақсид, мехарад ва шомгоҳон онро гӯш карда, бо Малена саҳнаҳои гуногуни ҷинсиро дар хаёлоташ тасвир мекунад. Ин кор боси танбеҳи ӯ аз тарафи волидайнаш мешавад. Дере нагузашта, хабари марги шавҳари Малена дар ҷанг ба шаҳр мерасад ва ин ба одамон имкони бофтани туҳматҳои навро медиҳад. Ҳама мардон кӯшиш мекунанд, ки аз ӯ дилҷӯӣ кунанд, аммо Малена қатъӣ аст. Ҳамсинфони Ренато ба падари Малена, муаллими онҳо, ёддошт мефиристанд, ки Малена фоҳиша аст. Профессор духтарашро бад мебинад ва Малена танҳои танҳо мемонад. Муносибати сокинони шаҳр ба духтар ба дағалии рӯирост меанҷомад. Аммо Малена ҳамаро нодида мегирад.
Line 14 ⟶ 12:
Қариб як сол Малена мотам мегирад, кӯшиш мекунад, ки ҳаёти шахсии худро бо як афсари ҷавон барпо кунад. Дар остонаи хонаи худ, дӯстдоштаи нави ӯ бо як дандонпизишки маҳаллӣ рӯ ба рӯ мешавад. Сокинони шаҳр тасмим гирифтаанд, ки Маленаро барои робита бо дандонпизишки оиладор маҳкум кунанд, аммо дар мурофиа маълум шуд, ки ҳамаи қиссаҳои ишқие, ки дандонпизишк дарҳаққи худу Малена нақл кардааст, дурӯғ мебошанд. Вакили мудофеи Малена як марди пирамарди фарбеҳ (ки тибқи маълумоти Ренато ҳеҷ гоҳ ғусл намекунад), ӯро дар додгоҳ ҳимоя мекунад, аммо дар иваз Маленаро маҷбур мекунад, ки бо ӯ барои пардохти хидматҳояш алоқаи ҷинсӣ кунад. Малена маҷбур аст розӣ шавад.
 
Дере нагузашта, дар шаҳр гулулаборони ҳавопаймоҳои иттифоқӣ оғоз мешавад ва падари Малена дар ин ҳодисаи нохуш вафот мекунад. Аммо сокинон боз ҳам дар ин ҳолат сабаби инро дар касофати Малена мебинанд. Малена акнун бидуни ризқу рӯзӣ мемонад. Вай симои худро тағир медиҳад ва бо афсарони олмонӣ ба танфурӯшӣ оғоз мекунад. Ренато дар навбати худ, аз дӯстони худ дур шуда, духтарро дифоъ мекунад. Вай бо ҳамсинфоне, ки дар бораи Малена дағалона ҳарф мезананд, мубориза мебарад, дар чойҳои мардон туф мекунад, дар ҷузвдони занон пешоб мекунад, ба дӯконҳо санг мепартояд ва бо ин ба мардум изҳори эътироз мекунад. Ӯ ҳатто ба калисо меравад ва дар ҳаққи ӯ дуо мегӯяд. Падару модари ӯ бемории кӯдакро ҳис карда, кӯшиш мекунанд, ки ӯро бо роҳҳои гуногун табобат кунанд: падар ӯро бо ҳабси хонагӣ ҷазо медиҳад, модар ӯро ба калисо мебарад. Аммо падари ноумед, қарор мекунад, ки ӯро ба фоҳишахонае барад. Дар он ҷо як ҷавондухтареро интихоб мекунад, ки ба Малена хеле шабоҳат дорад ва бо вай алоқаи ҷинсӣ мекунад, тимсоли ҳаваси худро тасаввур мекунад.
 
Нафрати сокинони шаҳр ба Малена ба ҳадде меафзояд. Ҳангоми вуруди низомиёни амрикоӣ ба шаҳр, занони маҳаллӣ Маленаро бо зӯрӣ аз хона берун оварда, шадидан латукӯб мекунанд, либосҳояшро дарида, сарашро метарошанд. Малена бо хашм ба мардум нафрат карда, фарёд зада мегурезад. Дере нагузашта Ренато ӯро дар қатора мебинад, ки шаҳрро тарк мекунад. Ғайричашмдошт шавҳари Малена, ки мурда ҳисобида мешуд, ба шаҳр омада, кӯшиш мекунад бифаҳмад, ки бо ҳамсараш чӣ шудааст. Ренато ба ӯ мактуб мефиристад ва дар куҷо будани Маленаро ба ӯ мегӯяд. Шавҳар занашро меёбад ва ҳамроҳи ӯ ба шаҳр бармегардад. Малена ба бозор омада, ҷинояткорони худро дар байни савдогарону муштариён мебинад; онҳо суханони аввали ӯро бо эҳтиёт интизор мешаванд. Пас аз Малена, гӯё ки чизе нашуда бошад, ба яке аз савдогарон муроҷиат мекунад, шиддат паст мешавад ва ҳамаи занони бозор шитоб мекунанд, ки нишонаҳои дилбастагии худро ба Малена нишон диҳанд. Бори охир Ренато Маленаро дар соҳил мебинад, ки банди халтаи афлесунаш меканаду афлесунҳояш мерезанд. Вай давида дар ҷамъоварии афлесунҳо ба ӯ кумак мекунад. Ренато аввалин маротиба буд, ки бо малена суҳбат карда буд ва ба ӯ хушбахтӣ орзу мекунад. Малена ғамгинона табассум мекунаду меравад, дар ҳоле ки Ренато ба ӯ нигоҳ мекард.
 
== Офарандагони нақшҳо ==
{{ДарНақшҳоБоло}}
{{ВРоляхВерх}}
{{ВРоляхДарНақшҳо|Джузеппе Сульфаро||Ренато Аморозо|}}
{{ВРоляхДарНақшҳо|[[Беллуччи, Моника|Моника Беллуччи]]||Малена Скордиа|}}
{{ВРоляхДарНақшҳо|Лучано Федерико||отец Ренато}}
{{ВРоляхДарНақшҳо|Матильда Пиана||мать Ренато}}
{{ВРоляхДарНақшҳо|Гаэтано Ароници||Нино Скордиа}}
{{ВРоляхДарНақшҳо|Габриэла ди Лузио||любовница барона}}
{{ВРоляхДарНақшҳо|Анджело Пеллегрино||государственный чиновник}}
{{ВРоляхДарНақшҳо|Паола Пайс||одна из женщин, линчующих Малену}}
{{ВРоляхДарНақшҳо|Джильберто Идони||адвокат Центорби}}
{{ВРоляхДарНақшҳо|Пиппо Паттавина||судья}}
{{ДарНақшҳоПоён}}
{{ВРоляхНиз}}
 
== Эзоҳ ==
{{Эзоҳэзоҳ}}
 
== Истинод ==
 
== Пайвандҳо==
* {{Imdb title|0213847|«Малена»}}