Гестоз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Беморӣ| Name = Гестоз | Image =| Caption = | DiseasesDB = | ICD10 = O10 - O16| ICD9 = | ICD...
(бе тафовут)

Нусха 05:41, 14 Январ 2021

Гестоз, сарторикӣ — оризаи ҳомилагӣ, ки боиси халал ёфтани фаъолияти баъзе узву бофтаҳо мегардад.

Гестоз
МКБ-10 O10 - O16
eMedicine / 

Гестозҳо гуногун мешаванд, мас., гестози бармаҳал, гестози ботаъхир, гестози камчин, гестози «холис», гестози «муштарак» ва ғ. Нишонаҳои гестози бармаҳал истифроғ (қай)-и беисту бисёр ва рафтани оби даҳон мебошанд. Гестози ботаъхир бо аломатҳои обварам, нефропатия, преэклампсия ва эклампсия падид меояд. Гестози аҳёнӣ бо бемориҳои пӯст, ҷигар (зардпарвини ҳомилагон) ва силсилаи асабу устухонҳо зоҳир мешавад. Гестозҳои «холис» дар мавриди куллан солим будани одам ба вуҷуд меоянд. Ба гестозҳои «муштарак» бемориҳои қаблӣ (ғалаёни хун, амрози гурда, касалиҳои ғадудҳои дарунрез ва ғ.) мусоидат мекунанд. Гумон меравад, ки сабаби гестоз ташаннуҷ (спазм) ва тағйироти умумии рагҳост. Оид ба пайдоиши гестоз фикри ягона вуҷуд надорад. Бино ба ақидаи баъзе мутахассисон, гестоз бемории асаб буда, ҳангоми он робитаи тарафайн байни қишр ва зерқишри мағзи сар халал меёбад. Олимони дигар сабаби пайдоиши гестозро дар ноҷӯрии ғадудҳои дарунрез (эндокринӣ), генетикӣ, ҳамроҳак ва ғ. мебинанд. Зани ҳомилаи сарторик, маъмулан, рӯзе чанд бор (ҳатто баъди истеъмоли ғизо) истифроғ мекунад. Иштиҳо бисёр вақтҳо суст буда, майл ба хӯрокиҳои тунду шӯр зиёд мешавад. Қатъи назар аз қайи фаровон вазни бадан тағйир намеёбад. Зани ҳомила бештар аз сустию беҳолатӣ, асабоният, хоболудӣ, гоҳе аз бехобӣ шикоят мекунад. Дилбеҳузурию истифроғ, маъмулан, 2–3 моҳи аввали ҳомилагӣ ба мушоҳида мерасанд.

Гестоз бо осеби фаъолияти гурдаҳо, ҷигар, силсилаи асаб, ҳамроҳак падид меояд. Аломати нисбатан бармаҳали гестоз обварам аст. Дар натиҷаи он мубодилаи обу намак халал ёфта, нуфузпазирии девораи рагҳо меафзояд. Варам асосан дар по, шикам, рӯй, панҷаи даст ба вуҷуд меояд; фишори хун баланд гашта, пешоб омехта бо сафеда аст. Дар сурати авҷ гирифтани беморӣ имкон дорад преэклампсия ва эклампсия низ рух намоянд. Дар ин ҳолат гардиши хурди хун дар силсилаи асаби марказӣ халал меёбад, ки барои модар ва тифл хавфнок аст. Агар фишори хун баланд ва дил беҳузур шуда, сар ва қисман болои шикам дард кунад, пеши чашм сиёҳӣ занад, бетаъхир ба духтур муроҷиат кардан лозим аст, зеро ин мумкин аст нишонаи преэклампсия бошад. Гестозро дар таваллудхона муолиҷа мекунанд.

Эзоҳ

Сарчашма