Гесӯ (сурати фалакӣ): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Гесӯ''', '''Шаърулбанус''', '''Гесӯи Вероника''' ({{lang-la|Coma Berenices}}) — бурҷи Нимкураи шимолии Осмон. Қ...
(бе тафовут)

Нусха 05:56, 14 Январ 2021

Гесӯ, Шаърулбанус, Гесӯи Вероника (лот. Coma Berenices) — бурҷи Нимкураи шимолии Осмон.

Қадри ситорагонаш ба 4m,2 баробар аст. Масоҳаташ 386 дараҷаи квадратӣ, қадри ситоравии 50 ситорааш то 6m,0 аст. Дар ин бурҷ қутби шимолии Галактикаи мо ва ҳазорҳо галактикаҳову садҳо тарокуми онҳо ҷойгиранд. Ситораи дурахшонтарини бурҷ ɑ-Гесӯ буда, тобишаш ба 4m,26 аст. Ситораи ягонаи номи хусусӣ доштааш β-Гесӯ — Диадема дорои ҷилои 4m,32 мебошад. Ба шарафи гесӯҳои маликаи мисрӣ Береника (дар астрономия — Вероника) бахшида шудааст, ки ба ифтихори дар ҷанги суриён ғалаба кардани шавҳараш — фиръавни Мисри Қадим Батлимус Эвергет (асри 3 то м.) муйҳои зебояшро бурида, қурбонии худоён кардааст. Гесӯ ҳамчун бурҷи алоҳида соли 1602 ба зиҷи Тихо Браге дохил карда шудааст. Мавқеи ҷойгиршавии Гесӯ дар осмони ситоразор: фарози мустақим (ɑ) аз 11h 52m то 13h 30m ва майл (δ) аз +14° то +34°. Аз ҳудуди Тоҷикистон дар моҳҳои март — апрел хуб мушоҳида мешавад.

Эзоҳ

Сарчашма