Банданавози Гесӯдароз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Шахс/Ислом|фақеҳ}} Абулфатҳ Садруддин Муҳаммад ибни Юсуф Алӣ Ҳусайни Чиштии Деҳлавии Гесӯдар...
(бе тафовут)

Нусха 06:07, 14 Январ 2021

Абулфатҳ Садруддин Муҳаммад ибни Юсуф Алӣ Ҳусайни Чиштии Деҳлавии Гесӯдароз (форсӣ: خواجه مخدوم محمد بندہ‌نواز گیسودراز‎ ; 30 январи 1321, Деҳлӣ — 1 ноябри 1422, Гулбарга, Ҳасанобод, Ҳиндустон) — яке аз симоҳои намоёни фиқҳ, тасаввуф ва адабиёти форс-тоҷик дар Ҳиндустон. Бо номҳои Хоҷаи Банданавоз ва Сайиди Банданавоз низ машҳур аст.

Банданавози Гесӯдароз
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: нависанда
Таърихи таваллуд: 7 август 1321
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 ноябр 1422 (101 сол)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом

Фаъолияти динӣ
Вироиши Викидода

Зиндагинома

Гузаштагони ӯ аз Ҳирот буда, ба Деҳлӣ рафтаанд. Падари Гесӯдароз Сайид Юсуфи Ҳусайнӣ пайрави тариқати чиштия ва аз муридони шайх Низомуддини Авлиё будааст. Гесӯдароз таҳсили ибтидоиро дар ш. Давлатобод касб намуда, баъди фавти падараш барои идомаи таҳсил ба Деҳлӣ рафтааст. Илмҳои назарӣ ва фиқҳу шариатро аз донишмандони даврааш Шарафуддини Кетҳолӣ, Мавлоно Тоҷуддини Муқаддам, Рукнуддуни Шариатии Киндӣ омӯхта, ба дараҷаи устодӣ ва мақоми баланди илмӣ ва тадрис расида буд. Гесӯдароз асосан ҳамчун мутафаккири ирфонӣ ва мубаллиғи тариқати чиштия шуҳрат дошт ва дар ин тариқат муриди шайх Насруддини Маҳмуд буд. Аз хавфи тохтутозҳои Темур аз Деҳлӣ ба шаҳрҳои дигари Ҳиндустон сафар карда, дар ниҳоят дар Гулбаргаи Ҳасанобод иқомат ихтиёр кард. Аз ҳимоя ва таваҷҷуҳи Аҳмадшоҳи Баҳманӣ бархурдор шуд ва дар ривоҷи силсилаи чиштия кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Мақбараи ӯ дар Гулбарга зиёратгоҳи пайравони силсилаи чиштия ва аҳли адаби Ҳиндустон мебошад.

Гесӯдароз ба монанди баъзе пайравони тасаввуфи Хуросон тарафдори назарияи эътидолии тасаввуф буда, чун хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва Муҳаммади Ғаззолӣ барои пайвастани шариат ва тариқат кӯшидааст. Аз ин ҷиҳат ӯ мухолифи ақидаи ваҳдати вуҷуд буд ва дар осораш мавқеи Ибни Арабӣ, Айнулқузоти Ҳамадонӣ, Фаридуддини Аттор ва Ҷалолуддини Румиро, ки пайрави ваҳдати вуҷуд буданд, шадидан интиқод кардааст. Гесӯдароз осори зиёде таълиф кардааст, ки бештари онҳо ба форсӣ-тоҷикӣ буда, асосан ба тафсири Қуръон ва шарҳи осори бузургони тасаввуф, махсусан асарҳои Абунаҷиби Суҳравардӣ, Шиҳобуддини Суҳравардӣ, Калободӣ ва Абуҳанифа бахшида шудааст. Гесӯдароз шахсе таҳаммулгаро буда, кинаварзиро бо дину мазҳабҳои дигар манъ мекард, забонҳои ҳиндӣ, арабӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва санскритро хуб медонист. Ба арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ асар эҷод мекард.

Асарҳои муҳимтарини ӯ: "Шарҳи форсии «Одобу-л-муридин»-и Абунаҷиби Суҳравардӣ, "Шарҳи «Китобу-т-таарруф»-и Калободӣ, «Асмоу-л-асрор», «Бурҳону-л-ошиқин», «Ҷавоҳиру-л-ушшоқ», «Ҳадоиқу-л-унс», «Сабилу-л-муҳаққиқин ва-л-маҷзубин», «Вуҷуду-л-ошиқин», «Рисолаи муроқаба», «Мултақот дар тафсири ирфонии Қуръон», «Маориф» дар шарҳи «Аворифу-л-маориф»-и Шиҳобуддини Суҳравардӣ, "Шарҳи «Рисолаи қушайрия». Муҳаққиқон ва шогирдони Гесӯдароз беш аз сад асарро ба ӯ нисбат додаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • دانشنامۀ ادب فارسی در شبه قارۀ هند. بخش سوم. تهران، ١٣٨٠ ش.
  • لیؤنارد لوئزون. میراث صوفیه. جلد اول. ترجمۀ کیوانی. تهران، ١٣٨٤ ش.؛
  • علی اصغر حلبی. مبانی عرفان و احوال عارفان. تهران، ١٣٨٥ ش.؛
  • سید اطهر عباس رضوی. تاریخ تصوف در هند. جلد اول. ترجمۀ منصور معتمدی. تهران، ١٣٨٠ ش.ر

Сарчашма