Ибни Баттута: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 9:
== Сафарнома ==
Ин сафарнома, ки «Туҳфату-н-назор фӣ ғароибу-л-амсор ва ъаҷоибу-л-асфор<ref>تحفة النظار في غرائب الأمصار وعجائب الأسفار, ''Tuḥfat'n-Nuẓẓār fī Gharāʾib al-Amṣār wa ʿAjāʾib al-Asfā''</ref>» ном дорад, дар қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ ва ба дастури яке аз умарои Мағриб нигошта шудааст. Дарунмояҳои он баромада аз дидаҳо ва озмӯдаҳҳои худи Ибни Баттута аст. Беш аз 20%-и ин китоб ба шарҳу васфи сафари Ибни Баттута ба Ҳиндустону ҷазоири Молдов ихтисос ёфтааст. Ӯ дар бораи халқу хӯи мардуми он диёру роҳҳои бозаргонии он бо Чин иттилооти муҳимме ироа мекунад. Ибни Баттута танҳо нависандае дар садаҳои миёна аст, ки иттилооти муҳимме дар бораи ҷазоири Молдов, ҷануби Русия ва Африқо медиҳад. беҳтарини пажӯҳиш дар мавриди Ибни Баттутаро профессур Абдулҳодӣ Алтозӣ анҷом додаву китоби дуҷилдии ӯ ба забони арабиро ҳанӯз ба форсии барнагардондаанд. Сафарномаи Ибни Баттутаро дуктур Муҳаммадалии Муваҳҳид ба форсӣ тарҷума кардааст.
 
== Маконҳое, ки Ибни Баттута аз онҳо боздид кардааст ==
Ибни Баттута дар гузари зиндагонии хеш беш аз 117 500 килуметр роҳи паймуду тибқи марзбандии имрӯз метавон гуфт ӯ ба 44 кишвар сафар кардааст. Ибни Ҷузай нақл мекунад, ки ӯ дар поёни сафари худ гуфтааст: «Ман дар воқеъ биҳамдуллаҳ ба орзуи худ дар ин гетӣ, ки ҳамон сафар бар рӯйи замин аст даст ёфтам, ифтихоре, ки афроди одии дигар ба он даст наёзиданд.»
 
== Эзоҳ ==