Ноҳияи Конибодом: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 402:
*
* Зироатҳои асосӣ: пахта, ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот
*
 
Иқтисодиёт ва буҷет соли 2016
Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бо дарназардошти андози иҷтимоӣ) – 87,9 фоиз таъмин гардида, ҳамагӣ 73 млн. 540,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки он нисбат ба нақша 10 млн. 138 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 87,4 фоиз таъмин карда шуда, 44 млн. 302,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки он нисбати нақша дар ҳаҷми 6 млн. 418,5 ҳазор сомонӣ кам аст. Аз 11 намуди андозҳо иҷрои нақшаи 4 намуди он таъмин карда нашуд, ки дар натиҷа ба буҷет 6 млн. 844,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид. Сабабҳои асосии таъмин нагардидани иҷрои нақшаи андозҳои мазкур ин пеш аз ҳама, таъмин нагардидани нақшаи истеҳсоли пахта (82,7%), аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла ҷ.с. «Конибодом», ҷ.с. «Ресмон», ҷдмм «Шоҳон» ва ҷдмм «Фахид» ва аз санҷиши навбатии техникӣ ба пуррагӣ нагузаштани воситаҳои нақлиёт мебошад.
 
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироту иловаҳо дар ҳаҷми 58 млн. 462,8 ҳазор сомонӣ тасдиқ шуда, иҷроиши он 52 млн. 536,9 ҳазор сомонӣ ё худ 89,9 фоизро дар бар гирифт. Музди миёнаи маош дар ин давра 655,3 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 33,7 сомонӣ зиёд ё 105,4 фоизро ташкил намуд. Маоши баландтарин дар соҳаи бонкҳо ва суғурта 1500 – 1600 ва пастарин дар соҳаи кишоварзӣ – 443 ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 3 ҳазору 989 ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шуданд, ки он нисбати дурнамо 102,2 фоизро ташкил медиҳад.
 
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2017 қарз аз музди меҳнат вуҷуд надорад.
 
Иҷрои нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷети махаллӣ (ҳ.с.)
 
 
'''Иқтисодиёт ва буҷет соли 2015
'''
Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бо дарназардошти андози иҷтимоӣ) – 90,2 фоиз таъмин гардида, ҳамагӣ 59 млн. 669,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки он нисбат ба нақша 6 млн. 506 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 89 фоиз таъмин карда шуда, 35 млн. 605,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки он нисбати нақша дар ҳаҷми 4 млн. 386,1 ҳазор сомонӣ кам аст. Аз 11 намуди андозҳо иҷрои нақшаи 8 намуди он таъмин карда нашуд, ки дар натиҷа ба буҷет 5 млн. 102,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид. Сабабҳои асосии таъмин нагардидани иҷрои нақшаи андозҳои мазкур ин пеш аз ҳама, таъмин нагардидани нақшаи истеҳсоли пахта (84,6 %) ва аз ин ҳисоб кам гардидани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар коргоҳҳои миёнаву калон (16 млн. 618,9 ҳ. с.) ва ворид нагардидани андоз аз аксизҳо ба ҳисоб меравад.Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироту иловаҳо дар ҳаҷми 42 млн. 323,7 ҳазор сомонӣ тасдиқ шуда, иҷроиши он 38 млн. 395,8 ҳазор сомонӣ ё худ 90,7 фоизро дар бар гирифт. Музди миёнаи маош дар ин давра 528,5 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 84,4 сомонӣ зиёд ё 119 фоизро ташкил намуд. Маоши баландтарин дар соҳаи бонкҳо ва суғурта 1500 – 1600 ва пастарин дар соҳаи кишоварзӣ – 350 ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 4 ҳазору 309 ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шуданд, ки он нисбати дурнамо 87,2 фоизро ташкил медиҳад. Ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ 1195 адад, саноат – 72 нафар, нақлиёт – 55 нафар, фарҳанг – 18 нафар ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ 10 нафар кам гардиданд. Ба ҳолати 1 - уми ноябри соли 2014 қарз аз музди меҳнат мувофиқи шаҳр 357,3 ҳазор сомониро ташкил дод, аз он ҷумла аз ҳисоби Идораи давлатии хоҷагии оби шаҳр – 348,9 ҳазор сомонӣ ва 8,2 ҳазор сомонӣ ба шӯъбаи безараргардонӣ рост меояд.
 
== Маориф ва Фарҳанг==
{{Дар нақша}}