Ким Ир Сен: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Farorud (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Farorud (баҳс | ҳисса)
Сатри 61:
 
Тибқи бархе маълумотҳо, оилаи Кимҳо протестантӣ буданд; ба ҳамин тариқ, модари пешвои оянда — Кан Бан Сок (1892—1932) — духтари рӯҳонии протестантии маҳаллӣ будааст. Чун ба монанди дигар зиёиёни сатҳи поёни аҳолӣ, Ким Хён Чжик ва Кан Бан Сок зиндагии на он қадар сарватмандона доштанд, баъзе вақтҳо, ҳатто аз камбизоатӣ азият мекашиданд. Таърихнигории Кореяи Шимолӣ таъқид мекунад, ки волидони Ким Ир Сен яке аз роҳбарони ҳаракати озодихоҳии миллӣ дар Кореяи забтшудаи Ҷопон буданд. Тибқи маълумоти тадқиқотбарони ҷопонӣ, Ким Хён Чжик дар ҳақиқат дар гурӯҳи ғайриқонунии миллии дар соли 1917 таъсисдошта, фаъолият дошт, гарчанде ки нақши на он қадар калонро мебозид<ref name="Ким">[[Харуки Вада|와다 하루키]] (Вада Харуки). 김일성과 만주항일전쟁(Ким Ир Сен и антияпонская война в Маньчжурии) p.28.</ref>.
 
=== Ҳаёт дар Чин ва иштирок дарп ҳаракати зиддиҷопонӣ ===
Дар соли 1920 оила Кимҳо ба Чин, ба Манчжурия мекӯчанд, ва дар онҷо Ким Сон Чжуи ҳоло хӯрд дар мактаби чинӣ таҳсилотро оғоз мекунад. Ӯро аз ҷопониҳо наҷот дода, падараш вайро ба «роҳи бо дарозии ҳазор [[Ли (воҳиди ченак)|ли]]» равон мекунад, дар номгузории муосири рӯзи ёддошт— {{нп5|Роҳи омӯзиш бо дарозии ҳазор ли|«Роҳи омӯзиши ҳазор лиӣ»|ko|배움의 천리길}}<ref>{{cite web|url=https://colnect.com/en/stamps/stamp/401948-Journey_for_learning-Korea_North|title=Stamp>Journey for learning|publisher=Colnect|accessdate=2020-09-07}}</ref>, аз деҳаи {{нп5|Бадаогу||zh|八道沟镇 (长白县)}}, [[Ноҳияи мухтори Чанбай-Корея|уезди Чанбай]], [[Ҷумҳурии Халқии Чин|Чин]], ба зодгоҳаш шаҳри [[Мангёндэ]]. Роҳи 400-километриро пасараки 11-сола то 29 март тай кард<ref>{{книга|автор=[[Асмолов, Константин Валерианович|Асмолов К. В.]]|заглавие=Не только ракеты: путешествие историка в Северную Корею|издательство=Litres|год=2018|isbn=9785041246068|ссылка=https://books.google.com/books?id=NnVmDwAAQBAJ&pg=PT74}}</ref><ref>См. примечание №12 в разделе ''Notes'' на ненумерованных страницах в конце книги:{{книга|место=[[Пхеньян|Pyongyang]]|заглавие=Kim Jong Il. Short Biography|издательство=Foreign Languages Publishing House|год=2001|язык=en}}</ref>. Баъдтар, дар [[Гирин (шаҳр)|Гирин]], дар синфҳои болоӣ Ким Сон Чжу ба маҳфили пинҳонии [[Марксизм|марксистӣ]] дохил шуд, ки онро комсомолҳои чинӣ сохта буданд. Маҳфилро хело зуд ҳукуматиҳо ошкор карданд, ва дар с 1929 Ким Сон Чжуи 17-сола, ки аъзои хурдтаринаш буд, ба маҳбас равон шуд, ки дар онҷо нимсоли умрашро сипарӣ кард. Падараш, Ким Хён Чжик, дар соли 1926 даргузашт — сабаби маргаш саломатии бади ӯ буд, ки онро дар маҳабаси ҷопонӣ ба ин ҳол оварданд.
 
25 апрели 1932 Ким Ир Сен дар отряди силоҳбадасти ҳаракати партизании зиддиҷопонии чинӣ роҳбар шуд. Тақрибан дар ҳамин вақт тахаллуси Хан Бер (Ситораи Ягона) ва Ким Ир Сен (Офтоби Тулӯъкунанда)-ро соҳиб шуд. Хониши иероглифҳои номаш ба чинӣ тахаллуси Сзин Жичэн шуд, ва бо ҳамин ном аввалан Ким Сон Чжуро дар Чин ва Иттиҳоди Шӯравӣ мешинохтанд.
 
Партизани ҷавон тез аз рӯи вазифа боло мешуд, дар с. 1934 Ким Ир Сен командири взводи 1-уми ротаи 3-юми дивизияи алоҳида шуд, ки баъдан ба таркиби артиши 2-юми партизанӣ дохил шуд. Баъди ду сол ӯ соҳиби вазифаи командири дивизияи 6 шуд, ки онро ҳамчунон «дивизияи Ким Ир Сен» меномиданд. Дар он солҳо гурӯҳҳои партизании аз сад ҷанговариро бисёр вақт «дивизия» меномиданд.
 
Тибқи як нусхаҳои исботнашуда, ҳамсари аввалини Ким Ир Сен — Ким Хё Сун буд, ки ҳамотрядиаш буд<ref name="lankov1" />. Дар с. 1940 ин зан гӯё, ки ба асорати ҷопониҳо афтида, ва тибқи овозаҳо, ӯро дар онҷо ба қатл расониданд. Аз рӯи гуфтаҳои дигар, ӯ гӯё, ки дар ҶХДК зиндагӣ карда, вазифаҳои гуногуни давлатии миёнаро ишғол кардааст. Расман маълум аст, ки аллакай дар Манчжурия ҳамсари Ким Ир Сен партизан [[Ким Чен Сук]], духтари батрак аз Кореяи Шимолӣ буд. Пешвои Бузурги Оянда, чуноне, ки ба хотир меовард, он духтаррро дар с. 1935 дида буд, ва танҳо баъди 5 сол бо ӯ издивоҷ кард.
 
[[Акс:Kim Ir Sen guerillas 1937.jpg|left|thumb|250px|Ким Ир Сен (задний ряд, в центре) с бойцами своего отряда|пайванд=Special:FilePath/Kim_Ir_Sen_guerillas_1937.jpg]] 4 июни соли 1937 200 партизан зери роҳбарии Ким Ир Сен марзи Ҷопону Манчжурияро гузашта, субҳ ногаҳон шаҳри на он қадар калони [[Почхонбо|Почхонборо]] [[Ҷанг дар назди Похчонбо|ҳамла карда]], постгоҳи маҳаллии жандармӣ ва як чанд муассисаҳои ҷопониро хароб карданд. Ин амалиёт Ким Ир Сенро пешмақом кард, чунки аввалин ҷанги муваффақи партизанҳо дар ҳудуди Корея, на балки Манчжурия шуд.
 
Тибқи хабарҳои агентурии [[Коминтерн]]<ref>[http://rgaspi.org/ Справка К. Ф. Вилкова, И. П. Плышевского, А. Г. Зюзина и А. И. Когана «Состояние партийных организаций и партизанского движения в Маньчжурии», Москва, 23.05.1941 // РГАСПИ. Ф. 514. Оп.1. Д.944. Л.14-104]</ref>, ба вазъи солҳои 1940—1941 Ким Ир Сен ҳамлаҳои ҷангии зидди Ҷопонро дар қисми ҷанубу шарқии Манчжурия роҳбарӣ мекард ва дар он замон ӯ вазифаи раҳбари ҳаракти 2-юми Артиши якуми Инқилобии Муттаҳидаи Халқӣ [[Артиши муттаҳидаи шимолу шарқии зиддиҷопонӣ|(Артиши муттаҳидаи шимолу шарқии зиддиҷопонӣ)]]-ро ишғол менамуд.
 
== Эзоҳ ==