Ким Ир Сен: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Farorud (баҳс | ҳисса)
Farorud (баҳс | ҳисса)
Барчасб: вироишгари мабдаъи 2017
Сатри 71:
Тибқи як нусхаҳои исботнашуда, ҳамсари аввалини Ким Ир Сен — Ким Хё Сун буд, ки ҳамотрядиаш буд<ref name="lankov1" />. Дар с. 1940 ин зан гӯё, ки ба асорати ҷопониҳо афтида, ва тибқи овозаҳо, ӯро дар онҷо ба қатл расониданд. Аз рӯи гуфтаҳои дигар, ӯ гӯё, ки дар ҶХДК зиндагӣ карда, вазифаҳои гуногуни давлатии миёнаро ишғол кардааст. Расман маълум аст, ки аллакай дар Манчжурия ҳамсари Ким Ир Сен партизан [[Ким Чен Сук]], духтари батрак аз Кореяи Шимолӣ буд. Пешвои Бузурги Оянда, чуноне, ки ба хотир меовард, он духтаррро дар с. 1935 дида буд, ва танҳо баъди 5 сол бо ӯ издивоҷ кард.
 
[[Акс:KimArmée Iranti-japonaise Sen guerillasKim 1937Il-sung.jpg|left|thumb|250px|Ким Ир Сен (заднийравади рядохир, вдар центребайн) сбо бойцамиҷангиёни своегоотряди отрядахуд|пайвандalt=Special:FilePath/Kim_Ir_Sen_guerillas_1937.jpg]] 4 июни соли 1937 200 партизан зери роҳбарии Ким Ир Сен марзи Ҷопону Манчжурияро гузашта, субҳ ногаҳон шаҳри на он қадар калони [[Почхонбо|Почхонборо]] [[Ҷанг дар назди Похчонбо|ҳамла карда]], постгоҳи маҳаллии жандармӣ ва як чанд муассисаҳои ҷопониро хароб карданд. Ин амалиёт Ким Ир Сенро пешмақом кард, чунки аввалин ҷанги муваффақи партизанҳо дар ҳудуди Корея, на балки Манчжурия шуд.
 
Тибқи хабарҳои агентурии [[Коминтерн]]<ref>[http://rgaspi.org/ Справка К. Ф. Вилкова, И. П. Плышевского, А. Г. Зюзина и А. И. Когана «Состояние партийных организаций и партизанского движения в Маньчжурии», Москва, 23.05.1941 // РГАСПИ. Ф. 514. Оп.1. Д.944. Л.14-104]</ref>, ба вазъи солҳои 1940—1941 Ким Ир Сен ҳамлаҳои ҷангии зидди Ҷопонро дар қисми ҷанубу шарқии Манчжурия роҳбарӣ мекард ва дар он замон ӯ вазифаи раҳбари ҳаракти 2-юми Артиши якуми Инқилобии Муттаҳидаи Халқӣ [[Артиши муттаҳидаи шимолу шарқии зиддиҷопонӣ|(Артиши муттаҳидаи шимолу шарқии зиддиҷопонӣ)]]-ро ишғол менамуд.