Тадвини филм: Тафовут байни таҳрирҳо

no edit summary
No edit summary
No edit summary
[[Акс:Fotothek df pk 0000165 012.jpg|thumb|Як тадвингар ҳангоми кор дар соли 1946.]]
'''Тадвини филм''' ({{lang-en|Film editing}}) — яке аз марҳилаҳои охири [[филмсозӣ]] аст, ки дар паставлиди филм анҷом мешавад ва тайи он аз интихобу пайванди намоҳои мавҷуд дар филми хом ({{lang-en|footage}}) ва табдили онҳо ба секонс барои расидан ба филми ниҳоӣ баҳра гирифта мешавад. Дар дунёии филм «тадвин» ҳамон нақши зеҳнро дар воқеъият ба уҳда дорад, бад-ин маънӣ ки ончи пинҳон аст, ошкор мекунаду ончи ошкор аст, аммо ниёзе ба дидани он нест, пинҳон; яъне интихоби беҳтарини тасвир барои дидан.
 
Ҳамчунин дар бораи монтаж гуфта истода, як чизи дигарро хотирнишон сохтан лозим аст, ки монтажи мултимедиавӣ танҳо аз буридану пайваст кардан иборат набуда, баръакс он ниҳоят кори нозук ва мушкилест, ки ҳатто дар раванди он лозим меояд сужети бутуни як — якунимсоатаро сония ба сония танзим (монтаж) намояд, то воқеан ҳам як чизи тамошобоб омода шавад.
Дар танзим ва ҷобаҷогузории кадрҳо саҳми худи [[муаллиф]], [[коргардон]], [[наворбардор]], [[танзимгар]] ва танзимгари садо хеле бузург буда, кори якҷояи онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
[[Акс:FirstMoviola.jpg|thumb|250px|Яке аз аввалин [[Мизи кории аудиомонтаж|дастгоҳҳои аудиомонтаж]] барои [[киноплёнка]] — «Мовиола» (1924)]]
 
== Раванди монтаж ==
Муаллиф ҳамаи маводи матнии сужетро фароҳам меорад (эҷод мекунад), коргардон бошад, матни муаллифро таҳлил намуда, муайян менамояд, ки кадом қисми матн бояд чӣ гуна навор гирифта шавад. Ақидаҳои худро дар ин бобат бо муаллиф мувофиқа мекунад. Баъди ин коргардон, муаллиф ва наворбардор (бо талаби ҳолат нурафкан) ба ҷойи муайяншуда рафта, лаҳзаҳои муайянкардаи коргардонро навор мегирад. Дар зеҳни муаллиф метавонад зимни наворбардорӣ [[идея]]ҳои нав пайдо шавад, ки дар равшаннамоии лаҳзаҳо ва мазмуни [[лавҳа]] аҳамияти калон дошта бошад.
 
[[Акс:VLCM editmovie en xp.png|thumb|250x250px|[[Скриншот]]и [[равзана]]и барномаи монтаж. Дар қисмати поён [[саҳифаи хулосаҳои монтаж]] дида мешавад]]
Инак раванди асосии монтаж оғоз меёбад. Наворбардор наворҳои гирифташударо ба танзимгар медиҳад, аммо кори наворбардор то ба ин ҷо набуда, мумкин аст зимни монтаж баъзе наворҳҳо торик норавшан омадаанд ва моҳияти навор фаҳмида намешавад, бинобар ин ӯ рафта метавонад он лаҳзаҳоро аз сари нав навор гирад. Ҳамин тавр кори танзимгар ва танзимгари садо, ки одатан ҳарду корро як нафар анҷом медиҳад, ҳамроҳи муаллиф, коргардон ва наворбардор пушти мизи танзим нишаста, аз наворҳои кӯчаки наворбардор ва аз мусиқии интихобнамудаи муаллифу коргардон як лавҳаи шоистаи тамошо карданро меофаранд.