Зарар расонидан: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
илова
Сатри 1:
{{маъноҳои дигар|Зарар (мазмунҳо)}}
{{маъноҳои дигар|Зараррасонӣ (мазмунҳо)}}
'''Зарар расонидан''' — оқибати молумулкӣ ё ғайримолумулкие, ки дар натиҷаи расонидани [[осеб]] ё несту нобуд намудани [[молумулк]] инчунин дар мавриди осеб дидани [[саломатӣ]] ва [[ҳаёт]]и шаҳрванд ба амал меояд, дар илми [[ҳуқуқи гражданӣ]] зарар эътироф карда мешавад. Зарар ба моликият, [[амвол]] дар шакли кам кардани он, паСт намудани арзиши мол, нуқсон пайдо кардани намуди мол ва сифати он ва ё нобуд кардани он расонида мешавад. Аслан зарар расонидан маънои зидди қонун рафтор намуданро дорад. Шахси зараррасон зидди меъёрҳои ҳуқуқӣ амал намуда,ҳуқуқи субъективии шахсро вайрон мекунад. Аз ин рӯ, зарари расонидаи молумулкӣ ва ғайримолу мулкӣ бояд ҷуброн ва ё барқарор карда шавад. Баъзан дар натиҷаи рафтори қонунӣ ҳам мумкин аст зарар ба миён ояд. Дар чунин маврид агар рафтори шахс қонунӣ бошад, товони зарар рӯёнида намешавад.