Синамои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 1:
Синамои тоҷик фаъолияти худро [[11 сентябр]]и соли [[1929]] оғоз намудааст. Синамои (Кинои) тоҷик дар тўлитӯли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда, ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаасту имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад. Синамои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
 
==Саҳифаҳо аз таърихи Синамои тоҷик==
=== [[11 сентябр]]и соли [[1929]] ===
 
{{аввали иқтибос}}Санҷиш хуб гузашту акнун мардум, тибқи анъанаҳои нави Ҳокимияти Шӯравӣ, омадани аввалин қатораи мусофиркаши Тирмиз-Душанберо, ки пойтахти тоҷиконро бо шабакаи роҳи оҳани умумииттифоқ мепайваст, нигарон буданд. Дар вокзали тозабунёди [[Душанбе]] миёни ҳозирин, ки аксарият намояндагони ҳукумат буданду бояд маҷлиси тантанавӣ доир менамуданд, се ҷавони аврупоӣ, ки дар сар кулоҳи базеби чармин доштанд, ба кадом як кори барои аксарияти ҳозирин номаълум машғул буданд. Онҳо рӯйи саҳнаи вокзал чобукона гоҳ ин сӯву гоҳ он сӯ ҳаракат карда, сепояи калонеро дар ҷое муқаррар менамуданд, рӯи он кадом дастгоҳеро ниҳода, гӯшаки онро тоб медоданд. Баъд ҳамин корро боз дар гӯшаи дигар анҷом медоданд. Баногоҳ таваҷҷӯҳитаваҷҷуҳи ҳамаро поезди аз гардиш намудоршуда ба худ кашид, ки ҳуштак кашида меомад. Ҳаяҷону хурсандӣ ва тааҷҷубу ҳайрат ҳадду канор надошт, чунки ба ин куҳан диёри дурдасте, ки ҳатто роҳи ҳамвораш хеле кам буд, бори аввал “аспи оҳанин” ё, ба истилоҳи дигари мардуми содалавҳ, “шайтон-ароба” меомад.{{охири иқтибос|сарчашма=}}
Аз ҳозирини сари роҳи оҳан касе ба амали ҳайратовари се ҷавон дигар эътиборе намедод. Он сегона низ ба ваҷд омада гӯшаки қуттиашонро гӯё беист тоб медоданду тоб медоданд. Паровоз фашшосзанон дуду буғ бароварда дар назди майдончаи вокзал қарор гирифт... Баъди чанд рӯз мардум ба Душанбе омадани поезд ва чеҳраҳои худу шиносонашонро дар пардаи кино дида, фаҳмиданд, ки ин се ҷавони аврупоӣ чикора будаанд. Ҳаваскорони кино Н. Гизулин, В. Кузин, А. Шевич, ки бо аппарати фартути киногирии «Кинамо», омадани поезди аввалро ба навор мебардоштанд, минбаъд дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун асосгузорони кинои тоҷик сабт шуданд. Василий Василевич Кузин дар ёддоштҳояш менависад, ки {{аввали иқтибос}}«15 октябри соли 1929 – рӯзи кушодашавии Анҷумани сеюми фавқулоддаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, ки дар рафти он оид ба таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР декларатсия қабул шуд, ба вакилон киножурнали нахустини “Тоҷикистони Cоветӣ” намоиш дода шуд. Он иборат аз ду сужет буд: “Рӯзи байналмилалии ҷавонон” ва “Омадани қатораи нахустин ба Душанбе”. «Пас аз хотимаи қисми кории анҷуман дар саҳна пардаи сафед кашиданд. Миёни тақрибан 800 нафар ҳозирин, ки дар курсиҳо нишаставу дар роҳравҳо истода буданд, толорро хомӯшӣ фаро гирифт. Садои ба кор даромадани дастгоҳи намоиши филм баланд шуду ҳозирин рӯи парда воқеаҳои ба қарибӣ дар пойтахт рухдодаро диданд. Чархи филм дароз набуд – ҳамагӣ 300 метр. Вале ҳамон бегоҳ кадрҳоро даҳҳо бор гаштаву баргашта тамошо мекарданд ва ҳар дафъа бо садоҳои хушҳолона ва кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол мегирифтанд».{{охири иқтибос|сарчашма=}}
Тасодуфи рамзнок аст, ки кинои ҷаҳонӣ ва кинои тоҷик таърихи худро аз омадани поезд шурӯъ намудаанд. Поезд дар таърихи фарҳанги баъдиинқилобии тоҷикон рамзи ба кишвари қафомондаи эшон босуръат омадани тамаддуни пешқадами башарро дошт.
Сатри 50:
Яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ- ин филми «Қиёми рӯз»-и Носир Саидов мебошад. Филми ҳирфаии “Қиёми рӯз” аз ҷониби [[Носир Саидов]] дар кинопленкаи 35 мм ба навор гирифта шуд (соли 2009) ва дар замони истиқлол бо касбияти воло ва дар сатҳи байналмилалӣ ба навор гирифта шудааст. Ин филм дар 17 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда, барандаи 12 ҷоизаи байналмилалӣ шудааст. Аз ҷумла, филми «Қиёми рӯз» дар кинофестивали ҷаҳонӣ дар шаҳри Кералаи Ҳиндустон, ҷашнвораи кинои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Россия, Япония, Ҳиндустон, Италия ва Голландия ширкат карда, ҷоизаҳо ба даст овардааст. Дар ҷашнвораи кинои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон «Қиёми рӯз» дар миёни 266 филм ҷоизаи «Самандари тилоӣ» -ро соҳиб шуд. Ин ҷоиза ба ин филм барои беҳтарин кори коргардонӣ дода шудааст. Филми дигари Носир Саидов «Оинаи беҷило» соли 2013 ба навор бардошта шуд, ки он низ дорои касбияти баланд аст.
Филми «Муаллим»-и ин коргардон соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омад. Баъди чандин солҳо тамошобини тоҷик шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди маъруф Марат Орипов шуд. Аз нигоҳи мавзӯъ кинои тоҷик хусусияти ахлоқиву тарбиявӣ дошта, бинандагонро ба дарки хубиву бадӣ ва фарқи аслии сиёҳу сафед раҳнамун месозад. Ҷанбаи дигаре, ки хусусияти баланди таъсиррасонӣ дорад, ин санъати зебои филмофарии коргардонҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки яке аз филмҳои машҳури тоҷик -«Коса»-и Суғдсинамо дар Фестивали IX филмҳои афғонӣ чанде қабл дар шаҳри Стокголми Шветсия дар байни филмҳои хориҷӣ сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми кўтоҳмуддаткӯтоҳмуддат» гардид.
Дар ҷашнвораи мазкур аз Тоҷикистон ду филм- «Коса» ва «Духтари Сайҳун», ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия гардидаанд, дар радифи 30 филми дигар аз Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои дунё иштирок карданд.
Бояд зикр намуд, ки мавзўимавзӯи филмҳои фестивал- мушкилоти кўдаконукӯдакону наврасон, муҳоҷират ва ҷангу сулҳ, масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд.
Филми «Коса» доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур соли гузашта дар кинофестивалҳо дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Британияи Кабир низ иштирок карда, санъати кинои тоҷикро муаррифӣ карда буд.
== Рӯзи кинои тоҷик ==
Дар даврони истиқлоли ҷумҳурӣ ҳамасола дар Тоҷикистон [[16 октябр]] ҳамчун рўзирӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад.<ref>[http://khovar.tj/2017/10/16-oktyabr-r-zi-kinoi-to-ik-sanate-ki-tavassuti-on-nerui-a-lonivu-ze-nii-omearo-metavon-baland-bardosht/ 16 октябр-Рӯзи кинои тоҷик. Санъате, ки тавассути он неруи ақлониву зеҳнии ҷомеаро метавон баланд бардошт]</ref>
 
== Ҳамчунин нигаред ==