Абдухолиқ Набавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Фаъолияти илмӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 31:
Риштаи дигари тадқиқоти илмии А. Набиевро омӯзиши таърихи зуҳур ва таҳаввули нақди нави адабии тоҷиӣ ташкил медиҳад ва чандин мақолаву гузоришҳои илмии ӯ дар ин мавзӯъ дар рисолаи «Адабиёт ва нақди адабӣ» (Душанбе: Адиб, 1993) гирд омадаанд. Муаллиф ба масоили оғози шаклгирии нақду адабиётшиносии ҷадиди тоҷик, тамизи нақди завқии нависанда ва нақди тахассусӣ, чеҳраҳо ва осори нави нақднависон, баҷҳо ва баррасии адабиёти тоҷик дар нашрияҳои хориҷ, масалан [[Амрико]], умуман дар хусуси «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-и Айнӣ, фаъолияти ноқидӣ ва адабиётшиносии ӯ, «нақди номаӣ»-и байни устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, амиқрафт ва худшинохта гардидани нақди адабӣ дар фаъолият ва осори ноқидони пешраве чун Муҳаммадҷони Шакурӣ, З. Г. Османова, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода диққат ҷалб менамояд. Дар бораи ин китоби мунаққид дар «Доиратулмаорифи адаби тоҷик» (Эрон) фирқаи махсусе ихтисос дода шудааст.
Дар ҳамин ришта ва равиш рисолаи вусъатнокеро бо номи «Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30 садаи 20» (Душанбе: Ирфон, 2004) аз чоп баровард, ки дар асоси мадорики ба куллӣ тоза ва назари нави илмӣ таълиф шудааст. Муҳимтарин ҷиҳати ин рисола дар он зоҳир мешавад, ки олим кӯшидааст, ки бе ҳеҷ ғараз ва эҳсосоте дар бораи сарнавишти пурмоҷарои Нарзуллои Бектош (1900-1938) ва мубоҳисаҳои зиёда аз ҳафтодсола дар гирди номи вай ва масъалаҳои забону адабии тоҷик сухани беғаразонаи ба воқияти таърихӣ мутобиқ ва аз меъёри инсофи илмӣ ва инсонӣ мувофиқ гуфта бошад. Зиёда аз он муаллиф дар заминаи асноди воқеӣ ва сарчашмаҳову рӯзномаҷоти он даврон кӯшидааст, ки вазъи сиёсӣ, мафкуравӣ ва адабию фарҳангии замони пурташвишро пеши назар оварад ва раванду қонунмандиҳои рафти инкишофи онро муайян карда бошад.
Китоби «Достони об ё Обнома» (Душанбе: Адиб, 2004) фарогири тадқиқот ва маводи фаровоне бо тарҳи нав аз осори асотирӣ, мазҳабӣ, илмиву тиббӣ, эҷодиёти мардумӣ ва адабиёти ҳирфаӣ буда, мавзўимавзӯи эҳтиром, эҳтиёт ва бузургдошти обро ба сифати яке аз чор унсури муҳимми зиндагии инсоният дар фарҳанги маънавии тоҷикон (форсизабонон) ва мардуми ҷаҳон матраҳ менамояд. Ин асар бо илҳом аз пешниҳодҳои инсондӯстонаи Президенти [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] муҳтарам [[Эмомалӣ Раҳмон]] ба миён омада, як кӯшиши дастгирии хоксорона ва таъкиди муҳим будани масъалаи мазкур аз назари фарҳанги маънавии мардуми ориёӣ (форсизабонон) ба шумор меояд.
Рисолаи «Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон» (Душанбе: Адиб, 2004) бошад дар заминаи ҷӯстуҷӯҳои зиёде дар бойгонӣ ва мутолиаи бастаҳои рӯзномаҷоти солҳои 20-30 ва сарчашмаҳоии илмӣ таълиф шуда, бори нахуст таърихи аз иттиҳодияҳои адабӣ ба ҷамъияти адабии пролетарӣ ва сипас ба иттиҳодияи мустақили эҷодӣ табдил ёфтани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бо ҳамаи муваффақияту мушкилот, дастоварду камбудиҳояш то охири солҳои 40-и асри гузашта мавриди тадқиқ қарор додаст.
Китоби «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» («Адиб», 2009) ба масъалаҳои таърих, хасоиси консепсуалӣ ва ҳунарӣ дар насри воқеъгарои тоҷиӣ дар мисоли эҷодиёти намояндагони барҷастаи насрнависон ва осори муҳимми онҳо, ҳамчунин сабку шакл ва ҷустуҷуи жанрӣ дар шароити озодие, ки вобаста ба истиқлоли кишвар ба амал омад мавриди таҳқиқу баррасии ҷиддӣ қарор додаст.