Адрасбофӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳи шаблонҳо using AWB
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 1:
'''Адрасбофӣ''' ({{забон-фа| ادرسبافی }}) - матои [[адрас]]ро дар [[Хуҷанд]] инчунин «подшоҳӣ» ва адраси сурхро «подшоҳии сурх» меномиданд.
Бофандаҳои адрас ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд. «Бофандор»({{забон-фа| بافندار }}) устое буд, ки дар дастгоҳи адрасбофӣ кор мекард ва коргаре, ки ба таркиби ресмонҳо назорат мекард, ўроӯро «иштибор» меномиданд. Устоҳои дигар ба таҳияи нақшҳо дар адрас машғул мешуданд, ки ин амалро абрбандӣ ({{забон-фа| ابربندی }}) мегуфтанд.
Бофандагон барои рангу бори адрас рангҳоро аз рӯян, пӯстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Аз маъданҳо купороси оҳан, шангарф, суринҷ, лоҷувард, оксиди мис ва чанде дигар истифода мешуданд.
[[Адрас]] дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фақат бо нақшу нигор фарқ дошт, вале усули бофтани он дар ҳама ҷо як хел сурат мегирифт. Адрасро [[абрбандӣ]] намуда, аз ду то ҳашт навъи рангҳоро дар нақшу нигор истифода мебурданд. Вобаста ба сабки ороиш ва тобиши рангҳо адрасро - ''пудавлон, шохсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашох'' ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя ном дошт.
Адрасро бештар дар дастгоҳҳои махсус ҳам ороиш медоданд, ки сифаташ беҳтар ва намудаш суфтаю ҷилодор мешуд. Аз адрас куртаю пойҷома, ҷомаҳои занонаю мардона, кўрпакӯрпа ва ғайра медўхтандмедӯхтанд.<ref>Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 7 - 9.</ref><ref>Адрас // Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ.1. – Душанбе, 1978. – С. 78.</ref>
 
== Нигаред низ ==