Антарктика: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 22:
 
== Вазъи байналхалқию ҳуқуқӣ ==
Як қисми ҷазираҳои Антарктика (Буве, Каргелен, Крозе ва ғайра) бе баҳс моли давлатҳои алоҳида буда, ҷазираҳои дигар (ғайр аз ҷазираҳои баҳсноки Сендвичеви Ҷанубӣ ва Георгияи Ҷанубӣ) ва қитъаи Антарктида истиқлолиятиистиқлоли миллии мувофиқашуда надоранд ва дар доираи Аҳднома оид ба Антарктика (1 декабри 1959 дар Вашингтон қабул шудааст), ки 44 давлати иштирокчии ин аҳднома ба тасвиб расондаанд, идора мешавад. Аҳднома кафили амният дар қитъа буда, дар он бурдани амалиёти ҳарбӣ, озмоишҳои ядроӣ, гӯр кардани партовҳои радиоактивиро манъ мекунад; барои бурдани тадқиқоти илмӣ шароит фароҳам меоварад, ба системаи экологии Антарктика расондани таъсири техногениро маҳдуд мекунад ва ғайра Ин талабот бо се паймони байналхалқӣ, ки якеаш Протоколи Мадрид (1991) мебошад, тақвият ёфта, азхудкунии захираҳои минералии Антарктика ро манъ ва ҳар гуна фаъолияти ба муҳити атроф таъсиррасонандаро баҳогузорӣ мекунад. Ҳадафи асосии Аҳднома истифодаи Антарктика бар нафъи тамоми инсоният аст. Давлатҳои иштирокчӣ ҳар сол оид ба риояи талаботи Аҳднома машварат мегузаронанд, ҳамкориҳо ва бурдани фаъолияти илмӣ ё тиҷоратиро дар минтақа танзим мекунанд. Баъзе мамлакатҳои ҷаҳони сеюм бо баҳонаи он, ки Антарктика ба системаи ҳуқуқии СММ ворид нест, эътирофи Аҳдномаро зери шубҳа қарор медиҳанд. Ҳафт давлат — Австралия, Аргентина, Зеландияи Нав, Норвегия, Британияи Кабир, Франсия, Чилӣ ҳар сари чанд вақт даъвои соҳиб шудан ба ҳудудҳои Антарктикаро мекунанд. Русия ва ИМА ин даъвоҳоро эътироф намекунанд ва дар ин масъала диду талаби хешро пеш мегузоранд. Тақдири минбаъдаи Антарктика ба муносибати байниҳамдигарии давлатҳо, ҳадафу мароқи онҳо ба ин минтақа ва вазъи сиёсию иқтисодии тамоми ҷаҳон вобаста аст.
 
== Адабиёт ==