Нурмуҳаммад Ниёзӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Сатри 1:
{{Шахсият
| ном = Нурмуҳаммад Ниёзӣ
| номи аслӣ = Нурмуҳаммад Ниёзӣ
| тасвир =
| таърихи таваллуд = 20.9.1946
| зодгоҳ = [[ноҳияи Бобоҷон Ғафуров]]
| таърихи даргузашт =
| навъи фаъолият = Шоир{{шоир|}}
| оригинал имени =
}}
'''Нурмуҳаммад Ниёзӣ''' - [[шоир]], узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1980),[[Шоири халқии Тоҷикистон]](2012)
 
== Зиндагинома ==
'''Нурмуҳаммад Ниёзӣ''' [[20 сентябр]]и соли [[1946]] дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира [[ноҳияи Бобоҷон Ғафуров]]) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар [[мактаби миёна]]и зодгоҳаш оғоз карда, дар [[шаҳр]]и [[Хуҷанд]] анҷом додааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин]] буда, ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз бахшида, баъдан дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва [[ҳафтанома]]и «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси [[мухбир]] фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби [[адабиёт]], солҳои 1989-19941989—1994 котиби масъули шуъбаи Суғди [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] будааст. Аз соли 1994 раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони [[вилояти Суғд]] мебошад. Барои [[китоб]]и [[шеър]]ҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи [[Камоли Хуҷандӣ]] гаштааст. Аз [[шоир]]они соҳибзавқ буда, дар [[ашъор]]аш асолату балоғати [[забон]]и шевои модариро мутаҷаллӣ сохта, дар тасвири манзара, офаридани образҳо ва корбурди васоити суханороӣ муваффақ аст. Мекӯшад баёнгари дарди миллат ва дармонбахши он бошад, хонандаро ба худогоҳию хештаншиносӣ ва эҳтироми армонҳои миллӣ ҳидоят кунад. Аз соли 1980 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] мебошад.
==Эҷодиёт==
 
== Эҷодиёт ==
Офаридаҳояш дар авроқи [[китоб]]ҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «[[Оташ]]и санг», «Аз ҳама дур», «[[Офтоб]]и сӯхта», «Сафари [[шаҳр]]и ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «[[Дарё]]и дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти [[тоҷик]]» ва ғ. мебошад. Соли 2012 Нашриёти давлатии ба номи [[Раҳим Ҷалил]] ([[Хуҷанд]]) «Девони ғазалиёт»-и ӯро дастраси хонандагон намудааст.
 
== Ҷоизаҳо ==
* Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ;
* Ордени «Шараф» (2004);
* Шоири халқии Тоҷикистон (2012)<ref>Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.163 - — 164 ISBN 978-99947-2-379-9</ref>
 
== Сарчашма ==
{{эзоҳ}}