Амирон ва вазирони Сомонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Адабиёт: ислоҳи шаблонҳо using AWB
х →‎Вазирони Сомонӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 35:
[[«Осор ул-вузаро»]] — асари таърихиест дар бораи вазирони мамолики исломӣ аз давраи ибтидои Хилофати араб то замони салтанати Темур ва темуриён (аз он ҷумла [[вазирони давлати Сомониён]]). Муаллифи асар [[Сайфиддинҳоҷӣ]] ва котиби он Ибни Дарвеш Имомқули Шайх Ҳасан аз силсилаи кубравия будааст. Асари мазкур 10 моҳи раб-ул-аввали соли 1066 ҳиҷрӣ (7 моҳи январи с. 1656 мелодӣ) рӯйнавис шудааст.
 
Нусхаи дигари [[«Осор ул-вузаро»]] дар шаҳри Сринагари Кашмир дар китобхонаи Институти Осиёи Марказӣ (назди донишгохидонишгоҳи Кашмир) маҳфуз аст. Китоб сана ва номи котибро надорад. Номи муаллиф таври зайл омадааст: Сайфиддинҳоҷӣ бини Низом ул-Ақидӣ. Муаллиф барои навиштани асри худ аз китобҳои «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома» - и А. Фирдавсӣ, «Ҷомеъ ул-таворих», «Таърихи Ҷоҳонгиршоҳи Ҷувайнӣ», «Таърихи Саҷуқӣ», «Қобуснома» ва ҳоказо истифода бурдааст. Ба андешаи муаррихи тоҷик А. Мухторов «дар амал боби охири «Осор ул-вузаро», «Дар зикри Темур ва авлоди ӯ» номида шуда, воқеаҳои таърихиро то соли 875 ҳиҷрӣ (1470 – 1471) то замони вазирии Ҳоҷи Низомулмулки Хавфӣ дарбар кардааст. Аз ин таърих хулоса мешавад, ки муаллиф асари худро дар ибтидои ҳукумронии Султон Ҳусайн Мирзо (1469 – 1506) хатм кардааст. Бинобар ин номи вазири кабири ин давр Алишер Навоӣ дар ин асар зикр наёфтааст.<ref>Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 58-59.</ref>
 
Дар китоби [[«Осор ул-вузаро»]] — и [[Сайфиддинҳоҷӣ]] нисбати Абулфазли Балъамӣ равшан аст, ки ӯ бо фармони амир Нӯҳи Сомонӣ қатл шудааст. Ба андешаи муаррихи тоҷик А. Мухторов «ин шахс ҳамзамон ва парастори [[Рӯдакӣ]] буд. Шояд зада кӯр карда аз дарбор рондани Рӯдакӣ ва қатли Абулфазли Балъамӣ бо ҳам алақамандӣ дошта бошад? Яъне бо сабабҳои якхела (дар иштирок ба ҳаракати карматиҳо ё худ бо сабаби дигар) ин ду марди бузург ҷазо дида бошанд.<ref>Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 63-64.</ref>