Рубоӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 1:
'''Рубоӣ''' - маъмултарин шакли назми шифоҳии [[мардуми тоҷик]] буда, дар [[адабиёт]]и китобӣ низ мавқеи барҷаста дорад. Он аз чор [[мисраъ]] иборат буда, вазну қофиябандии муайян дорад.<ref>Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. - Душанбе: "Ирфон", 2014,- С. 64</ref>
 
Вазну қофияи равони рубоӣ барои ба оҳанги мусиқӣ даровардан хеле мувофиқ аст ва аз ҳамин сабаб дар жанри мусиқии [[Фалак]] ва дигар навъҳои мусиқии мардумӣ аз рубоиҳо бисёр истифода мекунанд. Рубоиҳои тоҷикӣ дар мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, васфи табиат, ҷудоиву ғарибӣ, никоҳи маҷбурӣ, камбағалӣ, шикоят аз зулми иҷтимоӣ ва масоили гуногуни маишӣ эҷод шудаанд. Рубоиҳои халқӣ дар ҳама замонҳо бо ҳаёти маишӣ, иҷтимоӣ ва таърихии аҳли меҳнат робитаи бисёрҷониба пайдо карда, мақсаду маром, фарёду нидо, гилаву эътироз ва хашму кинояҳои шахсони музтарибу мутаассирро дар бар гирифтаанд. Ба воситаи рубоиҳо одамон ҳамдигарро аз ҳоли худ огоҳ ва ба якдигар дил холӣ кардаанд, якдигарро водор намудаанд, ки ба атрофиёнашон бо эҳтироми хосе муносибат кунанд. Мавзӯи ишқу муҳаббат нисбат ба дигар мавзӯъҳо дар жанри рубоӣ мавқеи муҳимтар дошта, ишқи воқеии заминӣ ва тавъам бо масоили иҷтимоӣ баён мегардад. Образи ошиқе, ки дар рубоиҳо тасвир мешавад, як фарди одии ҷомеа буда, ишқи поки инсонӣ дорад ва барои ба мақсаду мурод расиданаш бо мушкилоти рӯзгор ва рақибон мубориза мебарад. Маъшуқаи ӯ низ як духтараки муқаррарии деҳотӣ аст, ки дар ҳамсоягии ҷавон зиндагӣ мекунад.
Сатри 26:
 
Рубоӣ бо навъҳои дигари назми шифоҳӣ, аз ҷумла дубайтӣ, чорбайтӣ ва шеърҳои гуногуни чормисраӣ умумияту монандиҳо дорад. <ref>Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 26. – 280 с. </ref>
 
== Рубоиёти Хайём ==
[[Умари Хайём]] бо камоли таъассуф, беш аз он ки ҳамчун як ҳаким, файласуф ва риёзидон матраҳ бошад, ба унвони як шоир ва ба хотири рубоиёташ машҳур ва шинохта шудааст<ref>{{Cite web|url=https://ksaadat.co/2015/05/18/%d1%83%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d1%85%d0%b0%d0%b9%d1%91%d0%bc-%d0%b0%d0%bb%d0%ba%d0%b0%d1%88-%d0%b2%d0%b0-%d0%bf%d1%83%d1%87%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%be-%d1%91-%d2%b3%d0%b0%d0%ba%d0%b8/|title=Умари Хайём, “алкаш” ва пучгаро, ё ҳакиме шариатмадор?|date=2015-05-18|publisher=Кимиёи саодат|accessdate=2017-05-18}}</ref>.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Рубоӣ"