Фотима Ғуломова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 28:
 
== Зиндагинома ==
Фотима Ғуломова 31 декабри соли 1934 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Гузаштагонаш дар вилояти Систони Эрон мезистанд ва падараш Ҳасани Ғулом тадриҷан ба сиёсат гаравид ва чун аз андешаҳову ғояҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, қатори садҳо рушанфикрони коммунист ба [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] омад. Аз Маскав ӯро ба Тоҷикистон эъзом карданд. Ин ҷо низ ӯро лозим омад дар сафи Артиши Сурх хизмат кунад ва дар ҷангҳо зидди душманони Ҳокимияти Шӯроҳо ҷангад. Баъдан ба корҳои омӯзгорӣ машғул шуд, мактаб бунёд кард ва худи [[Нусратулло Махсум]] ӯро дар мактаби бунёдкардааш директор таъйин кард<ref>{{Cite web|url=http://www.pitfi.tj/node/195|title=Маэстро Исфандёр Ғуломов|website=www.pitfi.tj|publisher=Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот|accessdate=2021-03-02}}</ref>. Фотима Ғуломова аз хурдӣ меҳри ҳунар дар қалбаш буд, аммо падараш тавсия медиҳад, ки ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шавад. Аммо, зимни таҳсил дар соли саввум ӯро ба Институти дав­латии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав мефиристанд<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/tajik-culture-actress-asia/30352702.html|title=Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи машҳури театр ва синамо 85-сола шуд. ВИДЕО|website=Радиои Озодӣ|lang=tg|accessdate=2021-03-02}}</ref>. Ӯ якҷо бо ҳунармандони маъруфи тоҷик [[Маҳмудҷон Воҳидов]], [[Ҳошим Гадо]] ва [[Марям Исоева]] ин донишкадаро хатм кард<ref name=":0" />.
Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав (1960).
 
== Фаъолияти корӣ ==
Сатри 34:
 
=== Театр ===
Беҳтарин нақшҳои иҷрокардааш дар намоишномаҳои театрӣ: Хонзода («Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ниёзӣ), Гонерил («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Фирдавсӣ), Нигина («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Бунафша («Духтари қишлоқӣ»-и М. Иброҳимов), Клариче («Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони), шоҳдухтар ("Шоҳгавазн "-и К. Готсе), Любочка («Камбағалӣ айб нест»-и Н. Островский), Рина («Худораҳматӣ»-и Б. Нушич), бибӣ (филми «Овора»-и Г. Муҳаббатова), бибӣ («Нишона»-и А. Зокиров) ва ғ. Нақши зани тоҷикро дар бисёр намоишномаҳову филмҳо бо дарназардошти хислатҳои миллӣ хеле бомаҳорат бозидааст. Мунаққиди асарҳои театрӣ Римма Кречетова дар маҷаллаи «Иные берега» (чопи соли 2009) ба ҳунари бозигарии Фотима Ғуломова дар образи модари аламдор (намоишномаи «Омурзиш»-и Б. Абдураззоқов) баҳои баланд додааст. Ин намоишномаро он вақт Театри давлатии драмаи русии ба номи В. В. Маяковскийи Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмилалии ҳунарии «Дидор дар Руссия» (Встречи в России) ба намоиш гузошта буд, ки Фотима Ғуломова ро минҳайси як ҳунарманди бузург муаррифӣ кард ва дар Порис тамошогарон маҳз ба хотири ҳамин нақши ӯ 40 дақиқа росто кафкӯбӣ кардаанд.
 
== Даргузашт ==
Фотима Ғуломова 1 марти соли 2021 дар 86-солагӣ дар шаҳри Душабе даргузашт<ref name=":0">{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/fotima-ghulomova-darguzasht/31127820.html|title=Фотима Ғуломова даргузашт. ВИДЕО, САДО|website=Радиои Озодӣ|lang=tg|accessdate=2021-03-02}}</ref>.
 
== Нигаред низ ==
 
* [[Соҷида Ғуломова]]
* [[Исфандиёр Ғуломов]]
 
== Эзоҳ ==