Босния ва Ҳерсеговина: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Farorud (баҳс | ҳисса)
Иловаи қисмӣ аз рувики
Барчасб: вироишгари мабдаъи 2017
Сатри 34:
}}
[[Акс:Map Bih entities.png|thumb|250px|right]]
'''Босния ва Ҳерсеговина''' (БваҲ) — яке аз давлатҳои [[Аврупо]] мебошад. Пойтахт — [[Сараево]].
 
Аҳолӣ — 3 511 372 нафар (30 июни 2016)<ref>{{cite web|url=http://www.bhas.ba/tematskibilteni/NUM_00_2017_TB_0_BS.pdf|title=Bosna i Hercegovina u brojevima 2017|author=|website=|date=|publisher=}}</ref>. Масоҳат — 51,2 ҳазор км². Дар шимол, ғарб ва ҷануб бо [[Хорватия]], дар шарқ — бо [[Сербия]], дар ҷанубу шарқ — бо [[Черногория]] ҳамсарҳад аст. Дар ҷанубу ғарб ба [[Баҳри Адриатӣ]] (тақр. 20 км хати соҳилӣ) роҳ дорад. Забонҳои давлатӣ: [[забони босниягӣ|босниягӣ]], [[забони сербӣ|сербӣ]] ва [[забони хорватӣ|хорватӣ]].
 
Ҷумҳурии парламентиси, аз [[Федератсия Босния ва Ҳерсеговинв]], [[Ҷумҳурии Сербистон]] ва ҳавзаи [[ҳавзаи Брчко|Брчко]] иборат аст. Аъзои [[СММ]] аз с. 1992. Дар моҳи феврали соли 2016 кишвар дархостро барои дохилшавӣ ба [[Иттиҳоди Аврупо]] дод<ref>{{cite web|url=https://lenta.ru/news/2016/02/15/take_a_new_member/|title=Босния и Герцеговина подала заявку на вступление в Евросоюз|author=|date=|publisher=// lenta.ru|accessdate=2016-03-23}}</ref>.
 
Дар соли 2010 Босния ва Ҳерсеговина нақшаи амалҳоро барои [[Пайвастани Босния ва Ҳерсеговина ба НАТО|пайвастан]] ба [[НАТО]] соҳиб гашт.
 
Дар давраи вуҷуди Югославия БвҲ ҷумҳурии камбизоаттарин буд<ref>{{книга|автор=|заглавие=Известия Всесоюзного географического общества|ссылка=|место=|издательство=Изд-во Академии наук СССР|год=1991|страницы=541|isbn=}}</ref>, ҳозир — яке аз кишварҳои камбизоаттарини Аврупо. Ҳамкорони асосии хориҷии тиҷорӣ — кишварҳои ИА. Воҳиди пулӣ — [[маркаи конвертӣ]].
 
Кишвари Босния дар асрҳои X—XI пайдо шудааст. Сарварон католик буданд, қисми зиёди аҳолӣ пайрави калисои боснӣ буданд. Бо ҳамроҳкунии заминҳои сербиву хорватӣ дар асри 14 Босния масоҳати зиёдеро соҳиб гашт. Дар соли 1463 бо забти туркҳо қисми зиёди аҳолӣ мусалмон гаштанд. Дар с. 1878—1918 — дар тобеияти Австро-Венгрия, дар с. 1918—1992 — Югославия. Бо тамомшавим [[Ҷанги Босния]], тибқи [[созишномаи Дейтон]]и соли 1995 номи ва сохтори ҳозираи конститутсиониашро ба даст овард.
 
== Таърих ==