Фирдавсӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 48:
Замони даргузашти Абулқосим Фирдавсӣ то чаҳор сада пас аз даргузашташ дар бунмояҳои куҳан наомадааст. Нахустин навиштае ки аз замони марги Абулқосим Фирдавсӣ ёд карда, "Муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» аст ки соли 416 ҳиҷрии қамариро овардааст. Ин дебоча Ки имрӯз бепоя будани навиштораш ба исбот расидааст, аз бунмояҳои дигаре ёд накардааст. Тазкиранависони баъдӣ ҳамин торихро бозгӯ кардаанд. Ҷудо аз он «Тазкират ушшуъаро», асари Давлатшоҳи Самарқандӣ (ки он ҳам бисёр бепоя аст), замони даргузашти Фирдавсиро соли 411 ҳиҷрии қамарӣ овардааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ бо дарнигаристан дар гуфтаҳое Ки Фирдавсӣ аз синну нотавонии худ ёд кардааст, ингуна натиҷа гирифтааст ки Фирдавсӣ миёни солҳои 405—411 ҳиҷрии қамарӣ аз ҷаҳон рафта аст.
 
Бинобар гуфтаи Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Тӯс ба хок супурда шуд. Шайх [[Аттори Нишопурӣ]] ин достонро дар «Асрорнома» ингуна овардааст ки «Шайх Акобир Абулқосим» бар ҷанозаи Фирдавсӣ намоз нахонда аст ва Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар пешгуфтори «Зафарнома» ӯро Шайх Абулқосим Курраконӣ дониста аст ки пайравони бисёре дошта аст. Бархе нависандагони дигар номи ӯро «Абулқосими Гургонӣ» ё «Ҷурҷонӣ» низ овардаанд ки гумон меравад арабишудаи номи Гургонӣ бошад. Риёҳӣ пайванд додани онро бо Курраконии суфӣ нораво дониста аст аз онҷо ки ӯ дар ҳангоми даргузашти Фирдавсӣ камобеш 30-сола будааст.:
 
{{аввали иқтибос}}
Абулқосим Фирдавсӣ аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай «[[Шоҳнома]]» аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст.
Шунудам ман, ки Фирдавсии Тӯсӣ,
 
Ки кард ӯ дар ҳикоят бефусусӣ,
 
Ба сию панҷ сол аз нӯки хома
 
Ба сар мебурд нақши «Шоҳнома».
 
Дар охир чун шуд он умраш ба охир,
 
Абулқосим, ки буд шайхи акобир,
 
Агарчи буд пире пурниёз ӯ,
 
Накард аз роҳи дин бар вай намоз ӯ.
 
Чунин гуфт ӯ, ки "Фирдавсї басе гуфт,
 
Ҳама дар мадҳи габре, нокасе гуфт.
 
Ба мадҳи габракон умре ба сар бурд,
 
Чу вақти рафтан омад, бехабар мурд".
 
Маро дар кори ӯ барги риё нест,
 
Намозам бар чунин шоир раво нест.
 
Чу Фирдавсии мискинро бибурданд,
 
Ба зери хоки торикаш супурданд,
 
Дар он шаб шайх ӯро дид дар хоб,
 
Ки пеши шайх омад дида пуроб.
 
Зумуррадранг тоҷе сабз бар сар,
 
Либосе сабзтар аз сабза дар бар.
 
Ба пеши шайх биншасту чунин гуфт,
 
Ки "ай ҷони ту бо нури яқин ҷуфт,
 
Накардӣ он намоз аз бениёзӣ,
 
Ки ме нанг омадат з-ин нонамозӣ.
 
Худои ту ҷаҳоне пурфаришта
 
Ҳама аз файзи рӯҳонӣ сиришта,
 
Фиристод ин-т лутфи корсозе,
 
Ки то карданд бар хокам намозе,
 
Хатам доданд бар фирдавси аъло,
 
Ки Фирдавсӣ ба фирдавс аст авло.
 
Хитоб омад, ки ай Фирдавсии пир,
 
Агар рондат зи пеш он Тӯсии пир.
 
Пазируфтам манат, то хуш бихуфтӣ,
 
Бад-он як байти тавҳидам, ки гуфтӣ.
{{охири иқтибос}}
 
Он байте, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар тавҳид гуфтааст ин аст:
{{аввали иқтибос}}
Ҷаҳонро баландиву пастӣ туӣ!
 
Надонам, киӣ, ҳар кӣ ҳастӣ, туӣ!
{{охири иқтибос}}
 
 
Абулқосим Фирдавсӣ аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай «[[Шоҳнома]]» аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст.
 
== Донишмандон дар бораи Фирдавсӣ ва "Шоҳнома" ==