Фирдавсӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 28:
 
== Зиндагинома ==
Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, АбулқосимҲаким Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.
 
Зодсоли Абулқосим Фирдавсӣ дар 940 м аз онҷо дарёфта шудааст ки дар яке аз сурудаҳои Абулқосим Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд:
{{Иқтибоси академикӣ|<poem>
Навонтар шудам чун ҷавонӣ гузашт,
Сатри 38:
</poem>}}
 
Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола (58) будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.
 
Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Абулқосим Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.
 
Номи вай ҳама ҷо АбулқосимҲаким Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва севумин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном «Ҳасан ибни Алӣ»-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст.
 
Барои падари Абулқосим Фирдавсӣ дар бунмояҳои камарзиштар номҳои дигаре низ овардаанд, монанд: «Мавлоно Аҳмад ибни мавлоно Фаррух» («муқаддимаи Бойсунқурӣ»), «Фахриддин Аҳмад» («Ҳафт иқлим»), «Фахриддин Аҳмад ибни ҳаким Мавлоно» («Маҷолис улмуъминин» ва «Маҷмаъ алфусаҳо») ва «Ҳасан Исҳоқ Шарафшоҳ» («Тазкират ушшуароъ»). Теодор Нёлдеке дар китоби «Ҳамосаи миллии Эрон» дар бораи нодурустии номи «Фахриддин» навишта аст ки додани лақабҳо бо поёнаи «ад-дин» ҳамзамон бо навҷавонии Абулқосим Фирдавсӣ корбурд пайдо карда ва вижаи «амирони муқтадир» будааст. Аз ин рӯ падари Абулқосим Фирдавсӣ наметавониста чунин лақабе дошта бошад<ref>محمدامین ریاحی. سرچشمه‌های فردوسی‌شناسی. چاپ اول، تهران: پژوهشگاه علوم انسانی و مطالعات فرهنگی، ۱۳۷۲، ISBN 978-964-426-201-2</ref>‏.