Фирдавсӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Firdavsī: Added links
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
No edit summary
Сатри 1:
{{Адиб
|ном = Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
|номи аслӣ = حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی
|тасвир =
|тавсифи тасвир =
|ном ҳангоми таваллуд =
|номи пурра =
|тахаллусҳо =
|таърихи таваллуд = [[935]]
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Тӯс}}
|таърихи даргузашт = [[1020]]
|маҳалли даргузашт = [[Тӯс]]
|шаҳрвандӣ =
|навъи фаъолият = {{шоир|форсу тоҷик|асри X|асри XI}}
|солҳои фаъолият =
|самт =
|жанр =
|забони осор =
|дебют =
|ҷоизаҳои адабӣ =
|ҷоизаҳо =
|Lib =
|сайт =
|викигуфтовард =
|имзо =
}}
'''Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ''' ({{lang-fa|حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی}}; 935—1020)  ҳаким ва шоири [[Адабиёти форсӣ|форсу]]<ref name="britannica">[[Бойл, Джон Эндрю|John Andrew Boyle]] [https://global.britannica.com/biography/Ferdowsi Ferdowsī] // [[Britannica]]</ref><ref name="Крымский">{{ВТ-ЭСБЕ|Фирдоуси|[[Крымский, Агафангел Ефимович|Крымский А. Е.]]}}</ref>{{sfn|Османов|1977|с=}}{{sfn|Лахути|2017|с=406}} [[Тоҷикон|тоҷик]]{{sfn|Османов|1977|с=}}. [[Фирдавсӣ|Ҳаким Фирдавсӣ]], ҳамон шахсиятест, ки гуфта буд: Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ! Ҳамон касест, ки бо шарофаташ то ба имрӯзСарояндаи «[[Забони тоҷикӣ|забонШоҳнома]],» [[Фарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣ|фарҳанг]],ҳамосаи [[Таърихимиллии Эрон|суннатимардуми ниëгон]] ва арзиши [[Ориёӣ|Ориëӣ]] по бар ҷо мондааст. Шахсест, ки мо ворисонаш то абад аз [[Фирдавсӣ|Ӯ]] қарздор ҳастем. Бузургтарин сухансарои [[Тоҷикон|тоҷик]]эронитабор ва яке аз Ҳафт Ахтар (Ҳафт шахсияти бузургтарин даршоъирони таърихипорсигӯй [[Таърихи Эрон|Эрони Бузург]]). Сарояндаи «[[Шоҳнома]]» — ҳамоса ва шиносномаи миллии халқҳои [[Ориёӣ|Ориëӣ]]аст.
 
== Зиндагинома ==
Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, ҲакимАбулқосим Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.
 
Зодсоли Абулқосим Фирдавсӣ дар 940  м аз онҷо дарёфта шудааст ки дар яке аз сурудаҳои Абулқосим Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд:
{{Иқтибоси академикӣ|<poem>
Навонтар шудам чун ҷавонӣ гузашт,
Сатри 38:
</poem>}}
 
Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола (58) будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.
 
Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Абулқосим Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.
 
Номи вай ҳама ҷо ҲакимАбулқосим Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва севумин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном «Ҳасан ибни Алӣ»-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст.
 
Барои падари Абулқосим Фирдавсӣ дар бунмояҳои камарзиштар номҳои дигаре низ овардаанд, монанд: «Мавлоно Аҳмад ибни мавлоно Фаррух» («муқаддимаи Бойсунқурӣ»), «Фахриддин Аҳмад» («Ҳафт иқлим»), «Фахриддин Аҳмад ибни ҳаким Мавлоно» («Маҷолис улмуъминин» ва «Маҷмаъ алфусаҳо») ва «Ҳасан Исҳоқ Шарафшоҳ» («Тазкират ушшуароъ»). Теодор Нёлдеке дар китоби «Ҳамосаи миллии Эрон» дар бораи нодурустии номи «Фахриддин» навишта аст ки додани лақабҳо бо поёнаи «ад-дин» ҳамзамон бо навҷавонии Абулқосим Фирдавсӣ корбурд пайдо карда ва вижаи «амирони муқтадир» будааст. Аз ин рӯ падари Абулқосим Фирдавсӣ наметавониста чунин лақабе дошта бошад<ref>محمدامین ریاحی. سرچشمه‌های فردوسی‌شناسی. چاپ اول، تهران: پژوهشگاه علوم انسانی و مطالعات فرهنگی، ۱۳۷۲، ISBN 978-964-426-201-2</ref>‏.
Сатри 48:
Замони даргузашти Абулқосим Фирдавсӣ то чаҳор сада пас аз даргузашташ дар бунмояҳои куҳан наомадааст. Нахустин навиштае ки аз замони марги Абулқосим Фирдавсӣ ёд карда, "Муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» аст ки соли 416 ҳиҷрии қамариро овардааст. Ин дебоча Ки имрӯз бепоя будани навиштораш ба исбот расидааст, аз бунмояҳои дигаре ёд накардааст. Тазкиранависони баъдӣ ҳамин торихро бозгӯ кардаанд. Ҷудо аз он «Тазкират ушшуъаро», асари Давлатшоҳи Самарқандӣ (ки он ҳам бисёр бепоя аст), замони даргузашти Фирдавсиро соли 411 ҳиҷрии қамарӣ овардааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ бо дарнигаристан дар гуфтаҳое Ки Фирдавсӣ аз синну нотавонии худ ёд кардааст, ингуна натиҷа гирифтааст ки Фирдавсӣ миёни солҳои 405—411 ҳиҷрии қамарӣ аз ҷаҳон рафта аст.
 
Бинобар гуфтаи Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Тӯс ба хок супурда шуд. Шайх [[Аттори Нишопурӣ]] ин достонро дар «Асрорнома» ингуна овардааст ки «Шайх Акобир Абулқосим» бар ҷанозаи Фирдавсӣ намоз нахонда аст ва Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар пешгуфтори «Зафарнома» ӯро Шайх Абулқосим Курраконӣ дониста аст ки пайравони бисёре дошта аст. Бархе нависандагони дигар номи ӯро «Абулқосими Гургонӣ» ё «Ҷурҷонӣ» низ овардаанд ки гумон меравад арабишудаи номи Гургонӣ бошад. Риёҳӣ пайванд додани онро бо Курраконии суфӣ нораво дониста аст аз онҷо ки ӯ дар ҳангоми даргузашти Фирдавсӣ камобеш 30-сола будааст:.
 
Абулқосим Фирдавсӣ яке аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай «[[Шоҳнома]]» аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст. Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:
{{аввали иқтибос}}
{{Иқтибоси академикӣ|<poem>
Шунудам ман, ки Фирдавсии Тӯсӣ,
: Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
 
: Ба дониш дили пир барно бувад.
Ки кард ӯ дар ҳикоят бефусусӣ,
 
Ба сию панҷ сол аз нӯки хома
 
Ба сар мебурд нақши «Шоҳнома».
 
Дар охир чун шуд он умраш ба охир,
 
Абулқосим, ки буд шайхи акобир,
 
Агарчи буд пире пурниёз ӯ,
 
Накард аз роҳи дин бар вай намоз ӯ.
 
Чунин гуфт ӯ, ки "Фирдавсї басе гуфт,
 
Ҳама дар мадҳи габре, нокасе гуфт.
 
Ба мадҳи габракон умре ба сар бурд,
 
Чу вақти рафтан омад, бехабар мурд".
 
Маро дар кори ӯ барги риё нест,
 
Намозам бар чунин шоир раво нест.
 
Чу Фирдавсии мискинро бибурданд,
 
Ба зери хоки торикаш супурданд,
 
Дар он шаб шайх ӯро дид дар хоб,
 
Ки пеши шайх омад дида пуроб.
 
Зумуррадранг тоҷе сабз бар сар,
 
Либосе сабзтар аз сабза дар бар.
 
Ба пеши шайх биншасту чунин гуфт,
 
Ки "ай ҷони ту бо нури яқин ҷуфт,
 
Накардӣ он намоз аз бениёзӣ,
 
Ки ме нанг омадат з-ин нонамозӣ.
 
Худои ту ҷаҳоне пурфаришта
 
Ҳама аз файзи рӯҳонӣ сиришта,
 
Фиристод ин-т лутфи корсозе,
 
Ки то карданд бар хокам намозе,
 
Хатам доданд бар фирдавси аъло,
 
Ки Фирдавсӣ ба фирдавс аст авло.
 
Хитоб омад, ки ай Фирдавсии пир,
 
Агар рондат зи пеш он Тӯсии пир.
 
Пазируфтам манат, то хуш бихуфтӣ,
 
Бад-он як байти тавҳидам, ки гуфтӣ.
{{охири иқтибос}}
 
Он байте, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар тавҳид гуфтааст ин аст:
{{аввали иқтибос}}
Ҷаҳонро баландиву пастӣ туӣ!
 
Надонам, киӣ, ҳар кӣ ҳастӣ, туӣ!
{{охири иқтибос}}
 
 
Абулқосим Фирдавсӣ аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай «[[Шоҳнома]]» аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст.
 
== Донишмандон дар бораи Фирдавсӣ ва "Шоҳнома" ==
 
Шоирон ӯро пайғамбари назму шеър хондаанд:
 
1.
{{аввали иқтибос}}
Дар назм се тан паямбаронанд,
 
Ҳарчанд, ки «ло набия баъдӣ»,
 
Авсофу қасидаву ғазалро,
 
Фирдавсию Анвариву Саъдӣ.
{{охири иқтибос}}
 
2. Онҳое, ки дар вақташ қадри Ҳиким Фирдавсӣ-ро нашнохтанд:
{{аввали иқтибос}}
Бар хирад бедод рафту додро нашнохтанд,
 
Ҳамзабонон ҳикмати Устодро нашнохтанд,
 
Баҳри инсон мезад ӯ бонги адолат дар ҷаҳон,
 
Ҳамдиёрон маънии фарёдро нашнохтанд.
 
Бар рухи бунёди зулмат офтобе пош дод,
 
Шабпарсатон аз қазо бунёдро нашнохтанд.
 
Номаи шоҳон накӯҳишномаи бедодҳост,
 
Нуктасанҷон рози ин бедодро нашнохтанд.
 
Аз шукӯҳу шавкати фарри ниёгон қисса дошт,
 
Ворисони нохалаф аҷдодро нашнохтанд.
 
"Он ки бо сеҳри сухан мулки Аҷамро зинда кард",
 
Камназарҳо шеваи эъҷодро нашнохтанд.
 
Аз ҷафои давр андар кунҷи танҳоӣ муқим,
 
Ҳамзамонон шоири озодро нашнохтанд.
 
Алғараз, дар олами маънӣ расуле тоза буд,
 
Лек ин пайғамбари навзодро нашнохтанд.
{{охири иқтибос}}
 
3. Ҳаким Фирдавсӣ забони форсиро зинда кардааст:
{{аввали иқтибос}}
Сиккае к-андар сухан Фирдавсӣ-и Тӯсӣ нишонд,
 
Кофирам гар дигаре аз зумраи форсӣ нишонд.
 
Аввал аз болои курсӣ, бар замин омад сухан,
 
Ӯ суханро боз боло бурду бар курсӣ нишонд.
{{охири иқтибос}}
 
4. Ишораи Шайх [[Саъдӣ]] ба Ҳаким Фирдавсӣ:
{{аввали иқтибос}}
Чӣ хуш гуфт Фирдавсӣ- и покзод!
 
Ки раҳмат бар он турбати пок бод:
 
«Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
 
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст»!
{{охири иқтибос}}
 
5. Ҳаким Фирдавсӣ буд, ки шукуҳу фарри ниëгонро зинда кард:
{{аввали иқтибос}}
Он чи Куруш карду Доро, в-он чи Зардушти меҳин,
 
Зинда гашт аз ҳиммати Фирдавсӣ- и сеҳрофарин.
{{охири иқтибос}}
 
6. Достони Ҳаким Фирдавсӣ ва Темури Ланг:
{{аввали иқтибос}}
Масти хун бо савлату боди бурут,
 
Чун суи Эронзамин лашкар кашид,
 
Ланг-лангон Темури бедодгар
 
Бар мазори поки Фирдавсӣ расид.
 
Бар сари хоки гиромӣ по фишурд,
 
Мушти хокеро гирифту бод кард.
 
Баъд байти зерро бо заҳрханд
 
Гӯиё аз номи худ бунёд кард:
 
«Сар аз хок бардору Эрон бубин,
 
Ба чанги далерони Турон бубин!»
 
Ногаҳон Фирдавсӣ берун шуд зи гӯр,
 
Устухонҳо ларз-ларзон аз ғазаб.
 
Байти зеринро бихонду ғайб зад
,
 
Ҳамчу нақши зузанаб дар коми шаб:
 
«Дар Эрон намондаст шеру паланг,
 
Ҷаҳонро гирифтаст рӯбоҳи ланг…»
 
Лол шуд Темур чу санги рӯи гӯр,
 
Мушкилашро кард осон аскаре:
 
«Мурдагонаш гар чунин зӯроваранд,
 
Зиндагонашро чӣ сон зӯр оварӣ!»
 
Пирмарде гуфт: «Гоҳо, ҳазратам,
 
Мурдаҳо аз зиндаҳо афзалтаранд.
 
Фатҳи кӯҳ аз фатҳи рӯҳ осонтар аст,
 
Мурдаҳо аз зиндаҳо пурдилтаранд…»
{{охири иқтибос}}
 
7. Васфи Ҳаким Фирдавсӣ:
{{аввали иқтибос}}
Аз он рӯз Яздон ҷаҳон офарид,
 
Чу Фирдавсӣ одам суханвар надид.
 
Ҳакиме буд номовару кордон,
 
Хирадманду донандаи бостон.
 
Зи таърихи гетӣ бигуфт ӯ сухан,
 
Навишт як сар пайкори даври куҳан.
 
Зи Ҳурмузду Зардушти фархундапай,
 
Зи Ҷамшеду Заҳҳоку Ковуси кай.
 
Зи Кайхусрав, Афредуну Ардашер,
 
Зи гурдону номоварони далер.
 
Зи Эрону Тӯрону туркони зӯр,
 
Зи Афросиёбу зи Баҳроми гӯр.
 
Зи Сӯҳробу Рустам, зи кини падар,
 
Зи Таҳмина, сӯгаш ба марги писар.
 
Зи Доробу Дорову Исфандийор,
 
Зи Искандару оташи корзор.
 
Зи Нӯшинравону зи Сосонийон,
 
Зи оғози гетӣ, ҷаҳон то ҷаҳон.
 
Бигуфт аз Бузургмеҳру аз Борбад,
 
Зи Парвизу Хусрав, зи неку зи бад.
 
Зи Усмону Уммар, зи хоки Аҷам,
 
Зи куштору тороҷу ҷавру ситам.
 
Ҳама саргузашти Аҷам йод кард.
 
Руҳи рафтагонро бадин шод кард.
 
Ба Шаҳнома заҳмат кашид сол сӣ,
 
Аҷам зинда кард ӯ, бадин порсӣ.
 
Зи бигзашта бинвишт байт шаст ҳазор,
 
Бикард гетиро неку бад ошкор.
 
Ки бодаш сипосу зеҳу офарин,
 
Зи рӯи замин то ба чархи барин.
 
Ба некӣ зи ӯ дар ҷаҳон йод бод,
 
Ки арвоҳи покаш ҳаме шод бод.
 
Ҷаҳон то ҷаҳон бигзарад аз ҷаҳон,
 
Зи Фирдавсӣ монад ба гетӣ нишон.
 
Ки пур бод аз лутфи Ҳақ ҷоми ӯ,
 
Накӯ бод оғозу анҷоми ӯ.
 
Ба хокаш ҳаме раҳмати Ҳақ бод,
 
Мазорашро ҳаргиз газанде мабод.
 
Чу Маҳмуд нашнохт қадри варо,
 
Ки кард зиндагиаш пур аз моҷаро.
 
Накардӣ ба гетӣ ба ҷуз бад ба йод,
 
Зи Маҳмуди бадгавҳари баднажод.
 
Тани Маҳмуд ё Раб, ба оташ бисӯз,
 
Бад-ин руҳи Пири хирад барфурӯз.
{{охири иқтибос}}
 
8. Ëди Ҳаким Фирдавсӣ:
{{аввали иқтибос}}
Куҷо хуфтаӣ, эй баланд Офтоб?
 
Бурун ою бар фарқи гардун битоб.
 
На андархӯри туст рӯи замин,
 
Зи ҷо хезу бар тахти даврон нишин.
 
Куҷо мондаӣ, эй рӯҳи қудсисиришт,
 
Ба чорум фалак ё ба ҳаштум биҳишт?
 
Ба як гӯша аз гетӣ ороми туст,
 
Ҳама гетӣ канда аз номи туст.
 
Чу оҳанги шеъри ту ояд ба гӯш,
 
Ба тан хуни афсурда ояд ба ҷӯш.
 
Зи «Шоҳнома» гетӣ пуровоза аст,
 
Ҷаҳонро куҳан карду худ тоза аст.
 
Ту гуфтӣ: «Ҷаҳон кардаам чун биҳишт,
 
Аз ин беш тухми сухан кас накишт»...
 
Зи ҷо хезу бингар, к-аз он тухми пок
 
Чӣ гулҳо дамидаст бар тарфи хок.
 
На он гул, ки дар Меҳргон пажмурад,
 
Нахандида бар шох, бодаш барад.
 
На ҷаври хазон дида гулзори ӯ,
 
На бар дасти гулчин шуда хори ӯ.
{{охири иқтибос}}
 
9. Бузургии Ҳаким Фирдавсӣ:
{{аввали иқтибос}}
Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,
 
Агар зан бувад, қаҳрамонӣ кунад.
{{охири иқтибос}}
 
: Агар хоҳи аз ҳар ду сар обрӯй
: Ҳама рости кун,ҳама рост гӯй.
: Пай афкандам аз назм кохи баланд,
: Ки аз боду борон наёбад газанд.
: Намирам аз ин пас ки ман зиндаам,
: Ки тухми суханро парокандаам.
</poem>}}
[[Акс:ارامگاه فردوسی طوس (4).jpg|алт=Оромгоҳи Фирдавсӣ дар Тӯс|марказ|мини|414x414px|<center>Оромгоҳи Фирдавсӣ дар Тӯс</center>]]
 
 
== Эзоҳ ==