Фарқият байни намунаҳои "Созмони ҳамкории Шанхай"

no edit summary
'''Созмони ҳамкории Шангҳай''' - Созмонисозмони байниҳукуматии доимамалкунандаи чандҷониба дар соҳаҳои иқтисод, амният ва фарҳанг, ки бар асоси оинномавии Созмон, ки [[7 июн]]и [[соли 2002]] қабулшуда фаъолият мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.
=="Панҷгонаи Шангҳай" ==
[[26 апрел]]и [[соли 1996]] бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони [[Чин]], [[Руссия]], [[Қазоқистон]], [[Тоҷикистон]] ва [[Қирғизистон]] '''''"Панҷгонаи Шангҳай"''''' ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шангҳай асос гузошта шуд. Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои "Панҷгонаи Шанхай" – Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид. Тавре, ки қайд гардид, мулоқоти сарони кишварҳо аввалин бор 26 апрели соли 1996 дар шаҳри [[Шангҳай]], маротибаи дуюм 24 апрели соли 1997 дар шаҳри [[Маскав]], маротибаи сеюм 3 июли соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум 24 - 26 августи соли 1999 дар шаҳри [[Бишкек]] доир гардид. Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳади муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарокату ҳамоиш дар доираи "Панҷгонаи Шангҳай" густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай 5 июли соли 2000 дар пойтахти кишвари мо-шаҳри Душанбе баргузор шуд.
83

edits