Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 32:
Дар соли 1952 хонаводаи эшон ба вилояти Қӯрғонтеппа кӯчидаанд ва онҷо таълимоти диниро дар даврони Шӯравӣ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифтааст<ref>{{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/famous-cleric-called-to-obey--country-leaders/26603933.html|title=Домулло Ҳикматуллоҳ: “Итоат аз подшоҳ амри воҷиб аст”|website=Радиои Озодӣ|date=2014-09-24|publisher=Радиои Озодӣ|lang=tg|accessdate=2021-04-14}}</ref>.
 
Домулло Ҳикматуллоҳ илми худро назди [[Мавлавии Ҳиндустонӣ]] комил мегардонад ва китобҳои «Тафсири Ҷалолайн», «Тафсири Байзовӣ», «Саҳеҳи Бухорӣ», «Саҳеҳи Муслим», «Мишкоту-л-масобеҳ», «Мухтасару-л-маъонӣ», «Шамсия бо шарҳи Қутбӣ» ва «Сулламу-л-улумӣ ва таҳзиб бо Шарҳи Абдуллоҳи Яздӣ», «Ҳикмату-л-айн», «Ал-қонун фӣ-т-тиб», «Китоби Уқлидус», «Хулосату-л-ҳисоб», «Унвону-л-баён», «Адабу-д-дунё ва-д-дин», «Мақомоти Замахшарӣ», «Мақомоти ҳарирӣ», «Гулистон», «Бӯстон», «Шабистон», «Ахлоқи Ҷалолӣ», «Чаҳор унсур», «Қасоиди фуюз» ва дигар рисолаҳои илмиро аз худ мекунад<ref>{{Cite web|url=https://sputnik-tj.com/20210414/sharhi-hol-hikmatulloh-domullo-prezident-1038427629.html|title=Ҳолномаи домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ: рӯҳоние, ки президент ба хабаргириаш мерафт|author=Sputnik Тоҷикистон|website=Sputnik Тоҷикистон|date=2021-04-14|lang=tg|accessdate=2021-04-14}}</ref>.
 
Соли 1964 Домулло Ҳикматулло бо тавсияи устодаш Мавлавии Ҳиндустонӣ ба [[ноҳияи Куйбишев]] меравад, то пас аз дарёфти «илми зоҳир» назди [[Эшони Абдурраҳмонҷон]] (яке аз донишмандони сӯфимашраби даврони шўравӣ) аз «илми ботин» низ бархурдор гардад.