Шайх Моҳир Муъайқилӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Created by translating the page "Махер аль-Муайкли"
(бе тафовут)

Нусха 03:24, 15 апрели 2021

Муҳаммад ибни Ҳамад ал-Муайқилӣ ( ар. ماهر بن حمد بن معيقل المعيقلي البلوي7 январи 1969, Мадина ) — қории Қуръон, имоми Масҷидулҳаром[1] ва мударриси Ҷомеъаи Уммулқурои шаҳри Макка.

Шайх Моҳир Муъайқилӣ
араб. ар. ماهر المعيقلي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: имом
Таърихи таваллуд: 7 январ 1969(1969-01-07) (55 сол) ё 1969
Зодгоҳ:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Сайти расмӣ: www.maheralmuaiqly.com
Вироиши Викидода

Зиндагинома

Шайх Моҳир ибни Ҳамад ал-Муайқилӣ дар таърихи 18 шаволи 1388 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ 7 январи 1967 мелодӣ дар рустои Суиқааз тавобеъи шаҳри Мадина дар Арабистони Саудӣ чашм ба дунё гушӯд[2]. Дар кӯдакӣ ҳофизи Қуръон шуд. Таҳсилоти муқаддамотиро дар Мадина, дар риштаи риёзӣ оғоз кард ва баъд аз он озими Макка шуд ва ба таҳсили улум исломӣ дар мадрасаи «Аамир Абдулмаҷид» пардохт. Вай таҳсилоти олияро дар Ҷомеъаи Уммулқуро (бузургтарин донишгоҳи улуми исломӣ дар шаҳри Макка) пай гирифт; Ибтидо дар соли 1425 ҳ. қ. мадраки коршиносиро гирифт ва дар риштаи фиқҳ (бо гароиши мазҳаби Имом Аҳмад ибни Ҳанбал) тавфиқ ёфт ва сипас ба дараҷаи дуктурӣ дар риштаи тафсири Қуръон аз ҳамон донишгоҳ ноил омад. Вай ҳамокунун ба унвони мударрис дар Ҷомеъаи Уммулқуро машғул ба фаъолият аст.

Имомати ҷамоъат

Шайх Моҳир ибтидо ба муддати 5 сол имом ва хатиби масҷиди Ҷомеъу-л-Саъдӣ дар ҳаволии Макка буд, то ин ки дар моҳи рамазони соли 1426 ҳ. қ. ба имомати намози таровеҳ дар Масҷиду-н-набӣ мансуб шуд. Вай ҳамчунин аз сол 1429 ҳ. қ. то кунун имоми ҳарами маккӣ ва аз аъиммаи аслии намози ҷамоот дар Масҷидулҳром аст.

Тартили Қуръон

Шайх Моҳир яке аз хушсадотарин қориён Қуръон ва дорои лаҳне маҳзун ва дилнишин аст. Дар аснои тиловат ё дар намозҳо, ларзиши садо ва сукути ӯ, аз таассури шадиди вай ҳикоят мекунад ва ҳамчунин инсонро ба ёд барзах ва қиёмат меандозд ва ҳамчунин аромиши хоссе низ дорад. Ӯ Қуръонро ба ривояти Ҳафс аз Осим ва ба равиши тартил мехонад.

  1. Sheikh Maher Al-Muayqali Biography(пайванди дастнорас — таърих). 11 июни 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
  2. كانون گفتگوی قرآنی(форсӣ). Askquran. 15 апрели 2021 санҷида шуд.