Шералӣ Абдулқайсов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 28:
 
== Зиндагинома ==
Шералӣ Абдулқайсов [[15 апрел]]иапрели соли [[1951]] дар [[деҳаи Дерзуд]]и [[ноҳияи Рӯшон]]иРӯшони [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон|Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон]] дар оилаи хизматчӣ тавваллуд шудааст<ref name="TojNews">{{Cite web|url=http://www.tojnews.org/tj/personality/sherali-abdulkaysov|title=Шералӣ Абдулқайсов {{!}} TojNews|publisher=www.tojnews.org|accessdate=2017-06-22}}</ref>. Соли [[1968]] баъди хатми мактаби миёнаи № 8 қишлоқи Дерзуд ба [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко]] ба факултаи санъат ба шӯъбаи актёри театри драмма ва кино дохил шуда, соли [[1973]] онро бо мувафақкият хатм мекунад ва бо роҳхати Вазорати маданияти [[ҶШС Тоҷикистон]] ба [[Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ]] ба кор қабул карда мешавад ва то имрӯз дар сари кори эҷодист
 
Аз соли [[1996]] Омӯзгори [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] буда, аз соли [[2009]] вазифаи дотсент, мудири кафедраи маҳорати актёриро ба ӯҳда дорад. Шогирдонаш дар кумитаи Давлатии телевизион ва радиои ҶТ, театри Лоҳутӣ, Аҳорун кор карда истодаанд. Дар матбуот гоҳ-гоҳ мақолаҳои мубоҳисавӣ — тадқиқотиаш ҷоп мешаванд, аз қабили: «Ба оянда тӯр меандозем», «Чеҳраи боофарин», «Зинаҳои камолот», «Театрҳои халқиро ҷонибдорӣ бояд кард», «Талоши ҳастӣ» «Ҷавҳари ранги обӣ» ва ғайра.
 
Соли [[2007]] дар ҳамкорӣ бо иттифоқи варзишгарон ва актёрони Тоҷикистон бо кӯмаки ташкилоти «НОРЕ» ва бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба рушд, UNTOP, бо нияти мубориза бар зидди бемории сил ва ВИЧ/СПИД аз рӯйи асарҳои Н.Абдухамедов ва А.Қодирова «Будан ё набудан», «Зиндагӣ ҷовидона нест», «Хаёти дубора» намоишҳо таҳия кардааст. Соли [[2008]] бо кӯмаки аташе оид ба фарҳанги сафорати Фаронса ва мадади ташкилоти МОМ аз рӯйи асари С.Айюбӣ «Муҳоҷират» ва асари А. Ш. ва А.Фарзона «Аз ғуломӣ раҳоӣ ҳаст» намоишҳо таҳия кардааст.
 
== Эъҷодиёт ==
Дар муддати 36 сол дар репертуари театр самаранок банд буда, барои рушди санъати театрии ҷумҳурӣ хизмати арзишманде кардааст. Дар зиёда аз 16 озмуну фестивалҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, мукофоту ҷоизаҳои фаровоне гирифтааст<ref name="TojNews" />.
 
=== Нақшҳои театрӣ ===
Сатри 91:
 
== Унвону ҷоизаҳо ==
Аз [[31 май]]имайи соли [[1991]] ба унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф мегардад. Аз сентябри соли [[2007]] бо фармони [[Президенти Тоҷикистон]] ба унвони олии [[Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон]] сарфароз мегардад.
 
=== Ҷоизаҳои ҳунарӣ ===
Аз 21 то 1 майи соли 2006 дар фестивали театрҳои Закавказия дар шаҳри Алан бо намоишномаи «Кабки қафас»-и [[Темур Зулфиқоров|Тимур Зулфиқоров]] иштирок карда, соҳиби ҷоиза гардидааст. Соли 2007 дар фестивали байналхалқии ОСТ-ОРДО-и шаҳри Бишкек барои иҷрои нақши Амир Темур аз намоиши номбурда соҳиби ҷоизаи нақши беҳтарини мардона шудааст.
 
Соли [[2005]] ба ҳайси саррежиссёр намоиши идонаи 80-солагии ВМБК-ро таҳия карда сазовори унвони «Табааи ифтихории шаҳри [[Хоруғ]]» гаштааст.
 
== Эзоҳ ==