Муҳаммад Қазвинӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
{{Олим}}
'''Аллома Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Қазвинӣ''' машҳур ба Аллома Қазвинӣ ({{ТаърихиТаваллуд|||1877}}, [[Теҳрон]] — {{ТаърихиДаргузашт|27|5|1949}}, [[Теҳрон]]) — адиб, пажӯҳишгар,мусаҳҳеҳи матнҳои куҳан,мутарҷим ва пажӯҳишгарирӯзноманигори эронӣ; бунёдгузори таҳқиқоти таърихуилмӣ фарҳангидар Эрон.
 
== Зиндагӣ ==
Муҳаммад Қазвинӣ дар ёздаҳуми фарвардини соли 1256 хуршедӣ (мутобиқи 31-уми март ё 1-уми апрели 1877 мелодӣ) дар Теҳрон дар маҳаллаи Дарвозаи Қазвин ба дунё омад. Падару аҷдодаш аз аҳли қаламу фарҳанг буданд. Падарбузурги ӯ Мулло Абдулалии Қазвинӣ аз донишмандони Қазвин буд. Падараш Мулло Абдулваҳҳоби Қазвинӣ маъруф ба «Мулло оқои Қазвинӣ» аслан аҳли блоки Башориёт (акнун бахши Башориёт) буд, ки бо кӯшиши шахсӣ соҳиби мартабае дар донишу адаб шуд ва ба Теҳрон омаду дар мадрасаи Маъирулмамолик дарс медод.
 
Падари Муҳаммади Қазвинӣ дар соли 1267 (1889) даргузашт. Муҳаммад дар ин замон дувоздаҳсола буд ва ба кумаки Шамсулъуламо ба ҷойи падар дар тадвини номаи донишварон ширкат кард, то кумаки маоши хонавода бошад. Ӯ сарфу наҳв ва фиқҳу калому ҳикматро нахуст назди падар ва сипас назди устодони дигар, монанди Шайх Фазлуллоҳи Нӯрӣ ва Мирзо Ҳасани Оштиёнӣ ва Мулло Муҳаммадм Омулӣ таҳсил кард. Ӯ аз маҳзар Адиби Пешоварӣ ва Шайх Ҳодии Наҷмободӣ низ бархӯрдор шуд. Дар мадрасаи Маъирулмулк ҳуҷрае гирифту талаба шуд. Зери назари Шамсулъуламо дар улуми исломӣ ва ҳайату риёзиву таъриху таърихи адаб ва риҷолу ъарӯзу қофия мутабаҳҳир шуд. Баъд дар мадрасаи Олиёнси Теҳрон ба фарогирии забони фаронсавӣ пардохт. Ҳамчунин ба омӯзиши арабӣ ба дӯстон ва ошноёни ҷавони худ пардохт. Фарзандони Шайх Фазлуллоҳи Нӯри Зиёъуддин ва Мирзо Ҳодӣ муддати се сол наҳв[2] ва Муҳаммадалии Фурӯғиву бародараш Абулҳасани Фурӯғи аз ӯ арабӣ омӯхтанд. Падари Фурӯғиҳо, яъне Мирзо Муҳаммадҳусайни Фурӯғи ӯро ба ҳамкорӣ дар рӯзномаи «Тарбият» ташвиқ кард ва ӯро бо равиши кору таҳқиқи адабиву таърихии аврупоиён ошно сохт. Ба зудӣ шуҳрате дар заминаҳои мухталифи адабӣ пайдо кард ва ба хусус дар наҳви арабӣ чеҳраи шохис шуд. Дар таълифи бахши таърихи ислом дар китоби «Таърихи муфассали Эрон», ки китоби дарсии мадорис буд, ширкат дошт. Қазвинӣ илова бар тасҳеҳи интиқодии матнҳо ва ёддоштнависӣ пиромуни матнҳои адабӣ ва муаллифони онҳо, пажӯҳишҳои арзишманде низ анҷом дод, аз ҷумла «Рисолае дар шарҳи ҳоли Масъуди Саъди Салмон» ва рисолае дар шарҳи аҳволи Шайх Абулфутуҳи Розӣ. Ӯ ҳамчунин тарҷумае аз «Лавоеҳ»-и Ҷомиро ба фаронсавӣ анҷом додааст. Дигар китоби ӯ «Масоили Порисия» аст, ки ба рӯзгори пурмоия ӯ дар Порис иртибот дорад ва номаҳою ёддоштҳоеро дар бар мегирад, ки дар тули моҳҳои зиёд навишта шудаанд. Ёддоштҳо шомили мавзуоти гуногуни фарҳангӣ, таърихӣ, адабӣ ва ҳунаристанд. Ҳамчунин Қазвиниро падари илми китобшиносӣ дар арсаи адабиёти форсӣ медонанд. Ӯ беш аз 36 сол аз умри худро сарфи мутолаъа, муқояса ва нусхабардорӣ аз нусхаҳои хаттӣ дар китобхонаҳои машҳуриҷаҳон кард. Қазвинӣ забони фаронсавиро хуб медонист, бо забони олмонию инглисӣ ба мизони кофӣ ошно буд ва забони сурёниро дар Аврупо омӯхт. Ҳамчунин таърихи муғулро эҳё кард ва таҳқиқи комил дар ҷараёни исмоилия анҷом дод; бино бар мутолаъаи зиёд дар ин ҳавза луғати туркии муғулиро аз бар карда буд.
 
== Сафар ба Ландан ==