Муҳаммадҷон Раҳимӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Эҷодиёт: ислоҳи вожаҳо using AWB
No edit summary
Сатри 1:
{{Адиб}}
'''Муҳаммадҷон Раҳимӣ''' ([[3 май]]и [[Соли 1901|1901]], дар Фойиқ, [[ноҳияи Шофирком]], [[вилояти Бухоро]]) — {{шоир|тоҷик|Тоҷикистон|асри XX}} ва {{тарҷумон|тоҷик|Тоҷикистон|асри XX}}и тоҷик, узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1934).
|ном = Муҳаммадҷон Раҳимӣ
|номи аслӣ = Муҳаммадҷон Раҳимӣ
|тасвир =
|таърихи таваллуд = [[3 май]]и [[Соли 1901|1901]]
|зодгоҳ = [[вилояти Бухоро]]
| таърихи даргузашт =
| навъи фаъолият = {{шоир|}}, [[тарҷумон]]
}}
'''Муҳаммадҷон Раҳимӣ''' — [[шоир]], [[тарҷумон]], узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1934).
 
== Зиндагинома ==
'''Муҳаммадҷон Раҳимӣ''' [[3 май]]имайи соли [[Соли 1901|1901]] дар деҳаи Фойиқи ноҳияи Шофиркоми [[вилояти Бухоро]] зода шудааст. То соли 1917 дар [[мактаб]]и куҳна таҳсил карда, баъдан ба ҳунармандӣ машғул шудааст. Баъди Инқилоби Бухоро дар идораҳои молия ва назорат кор кардааст. Муддате мудири шуъбаи тарғиботи КМ ПК (б) Бухоро будааст. Соли 1922 ба фидоиён пайваста, дар ҷабҳаҳои Шаҳри Сабз ва Бухорои Шарқӣ ҷангидааст. Баъдан дар Артиши Сурх, идораи молия ва назорат иштиғол варзидааст. Соли 1928 мудири шуъбаи [[рӯзнома]]и «Тоҷикистони Сурх» будааст. Соли 1932 Курси кормандони молияи Ленинградро хатм карда, мудирии шуъбаи коргузории Комиссариати молияи [[Тоҷикистон]]ро бар уҳда доштааст. Соли 1933 корро дар матбуот давом дода, баъди таъсиси [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] солҳои тӯлонӣ корманди он будааст. Солҳои [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] дар қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат кардааст. Аз соли 1934 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] аст. 23 августи соли 1968 аз олам даргузашт. [[Осорхона]]и ӯ дар Душанбе зиёратгоҳи пиру барност. Бо нишону ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
 
==Эҷодиёт Эҷод ==
Аввалин [[шеър]]ҳояш аз соли 1924 ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ӯ «Шеърҳои интихобкардашуда» соли 1940 чоп шудааст. Баъдан маҷмӯаҳои «Достони санъат» (1945), «Марг ба марг, хун ба хун» (1943), «Ба душман бераҳм бош!» (1944), «Фирӯзӣ» (1947), «Кишвари заррин» (1948), «Дилафрӯз» (1950), «Роҳи равшан» (1952), «[[Тило]]и сафед» (1958), «Машъали меҳр» (1960), «Сабоҳи сухан» (1963), «Рубоиёт ва дубайтиҳо» (1965), «[[Афсона]]и Симурғ» (1967), «Оташи ҷовид» (1967), сеҷилдаи «Осор» (1978-19821978—1982) ва «Таронаҳо» (1991)-яш ба табъ расидаанд. Соли 1942 дар асоси навиштаи ӯ филми ҳунарии «Писари [[Тоҷикистон]]» ба навор гирифта шудааст. Дар таҳия ва нашри осори [[Фирдавсӣ]], [[Ҷомӣ]], [[Шоҳин]], [[Бобо Тоҳир]], матни «[[Шашмақом]]» ва сеҷилдаи «[[Тарона]]ҳои халқии тоҷикӣ» ширкат варзидааст. Таҳия ва таҳрири «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954) ба ӯ тааллуқ дорад. Маҷмӯаи [[ашъор]]и ба русӣ тарҷуманамудаи ӯ «К вершинам счастья» соли (1964) чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш ба забони дигар халқҳо ҳам тарҷума ва нашр ёфтаанд. Асарҳои ҷудогонаи А. С.  Пушкин, Н. А. Некрасов, М. А.  Крилов, Т. Г.  Шевченко, М.Горкий, В. Маяковский, П. Тичина, С. Вурғун ва дигаронро ба [[тоҷикӣ]] гардондааст.<ref>Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.189 - — 190 ISBN 978-99947-2-379-9.</ref>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Шоирони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Тарҷумонҳои адабиёти бадеӣ]]
[[Гурӯҳ:Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар вилояти Бухоро таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:Зодагони рӯзи 3 май]]
[[Гурӯҳ:Зодагони соли 1901]]
[[Гурӯҳ:Даргузаштагони рӯзи 23 август]]
[[Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 1968]]