Муҳаммадҷон Раҳимӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
 
== Зиндагинома ==
Муҳаммадҷон Раҳимӣ 3 майи соли 1901 дар деҳаи Фойиқи ноҳияи Шофиркоми [[вилояти Бухоро]] зода шудааст. То соли 1917 дар [[мактаб]]имактаби куҳна таҳсил карда, баъдан ба ҳунармандӣ машғул шудааст. Баъди Инқилоби Бухоро дар идораҳои молия ва назорат кор кардааст. Муддате мудири шуъбаи тарғиботи КМ ПК (б) Бухоро будааст. Соли 1922 ба фидоиён пайваста, дар ҷабҳаҳои Шаҳри Сабз ва Бухорои Шарқӣ ҷангидааст. Баъдан дар Артиши Сурх, идораи молия ва назорат иштиғол варзидааст. Соли 1928 мудири шуъбаи [[рӯзнома]]ирӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» будааст. Соли 1932 Курси кормандони молияи Ленинградро хатм карда, мудирии шуъбаи коргузории Комиссариати молияи [[Тоҷикистон]]роТоҷикистонро бар уҳда доштааст. Соли 1933 корро дар матбуот давом дода, баъди таъсиси [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] солҳои тӯлонӣ корманди он будааст. Солҳои [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] дар қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат кардааст. Аз соли 1934 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] аст. 23 августи соли 1968 аз олам даргузашт. [[Осорхона]]иОсорхонаи ӯ дар Душанбе зиёратгоҳи пиру барност. Бо нишону ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
 
== Эҷод ==
Аввалин [[шеър]]ҳояшшеърҳояш аз соли 1924 ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ӯ «Шеърҳои интихобкардашуда» соли 1940 чоп шудааст. Баъдан маҷмӯаҳои «Достони санъат» (1945), «Марг ба марг, хун ба хун» (1943), «Ба душман бераҳм бош!» (1944), «Фирӯзӣ» (1947), «Кишвари заррин» (1948), «Дилафрӯз» (1950), «Роҳи равшан» (1952), «[[Тило]]иТилои сафед» (1958), «Машъали меҳр» (1960), «Сабоҳи сухан» (1963), «Рубоиёт ва дубайтиҳо» (1965), «[[Афсона]]иАфсонаи Симурғ» (1967), «Оташи ҷовид» (1967), сеҷилдаи «Осор» (1978—1982) ва «Таронаҳо» (1991)-яш ба табъ расидаанд. Соли 1942 дар асоси навиштаи ӯ филми ҳунарии «Писари [[Тоҷикистон]]» ба навор гирифта шудааст. Дар таҳия ва нашри осори [[Фирдавсӣ]], [[Ҷомӣ]], [[Шоҳин]], [[Бобо Тоҳир]], матни «[[Шашмақом]]» ва сеҷилдаи «[[Тарона]]ҳоиТаронаҳои халқии тоҷикӣ» ширкат варзидааст. Таҳия ва таҳрири «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954) ба ӯ тааллуқ дорад.

=== Тарҷумонӣ ===
Маҷмӯаи [[ашъор]]иашъори ба русӣ тарҷуманамудаи ӯ «К вершинам счастья» соли (1964) чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш ба забони дигар халқҳо ҳам тарҷума ва нашр ёфтаанд. Асарҳои ҷудогонаи А. С. Пушкин, Н. А. Некрасов, М. А. Крилов, Т. Г. Шевченко, М.Горкий, В. Маяковский, П. Тичина, С. Вурғун ва дигаронро ба [[тоҷикӣ]] гардондааст.<ref>Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.189 — 190 ISBN 978-99947-2-379-9.</ref>
 
== Эзоҳ ==