Африқои Ҷанубӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Эзоҳ: ислоҳи шаблонҳо using AWB
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
 
Сатри 2:
{{legend|#00a000|Африқои Ҷанубӣ согласно [[Макрорегионы мира (ООН)|макрорайонированию ООН]]}}
{{legend|#00d000|Дигар кишварҳо дар Африқои Ҷанубӣ}}
{{legend|#00ff00|АъзоҳоАъзо [[Сообщество развития Юга Африки|Сообщества развития Юга Африки]]}}]]
 
'''Áфриқои Ҷанубӣ''' — ноҳияи табиии Африқо, дар ҷануби пуштакӯҳи Конго – Замбезӣ. Африқои Ҷанубиро аз Ғарб [[Уқёнуси Атлантик]], аз Шарқ [[Уқёнуси Ҳинд]] иҳота кардааст. Дар Африқои Ҷанубӣ аксари навъҳои сатҳи замин (ландшафт)-и Африқо дар миқёс (масштаб)-и хурд такрор мешаванд, аз ҳамин сабаб онро баъзан Африқои Хурд ҳам меноманд. Африқои Ҷанубӣ аз ҷиҳати сохти геологӣ як қисми платформаи Африқо аст. Дар ҷойҳои барҷастаи таҳкурсии платформа ҷинсҳои булӯрии токембрий ва интрузияҳое, ки дар палеозой пайдо шудаанд, намудоранд. Пастхамии Калахари бо ҷинсҳои мезозою кайнозой пӯшидааст. Канори ҷанубиашро кӯҳҳои чиндори Кап иҳота кардаанд, ки аз тамоми қисми боқимондаи Африқои Ҷануб ҷавонтаранд. Африқои Ҷануб аз моддаҳои маъда­­нии арзишманд – тило, платина, уран, қалъагӣ, манган, мис, хромит, асбест, алмос ва ғайра ғанӣ аст. Таҳнишастҳои давраи перм конҳои калони ангиштсанг дорад. Қисми марказии ноҳия аз ҳамвориҳои баланд (то 900–1000 м) иборат буда, атрофи он асосан бо паҳнкӯҳҳои баландиашон 1200–1800 м иҳота шудааст. Ноҳия дар минтақаҳои иқли­маш истивоӣ, тропикӣ, субтропикӣ ҷой гирифтааст. Боришоти солона 500–600 мм. Ҳарор. миёнаи моҳона 290, 270С (дар Мозамбик), дар соҳилҳои ғарбӣ 11,60, 15,30С. Қисми зиёди Африқои Ҷанубиро дашт ишғол кардааст. Соҳилҳои шарқӣ ва ҷанубу шарқии серборишашро бешаҳои зичи тропикӣ ва субтропикии сернам пӯшондаанд. Ба тарафи ғарб наботот торафт кам мешавад. Аз ҳайвонот шер, паланг, кафтор, шағол, фил, каркадан, говмеш, заррофа, оҳу дорад.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.114</ref>