Аз Ориён то Сомониён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
 
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1:
''КИТОБИ СЕЮМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ “АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН”''
Дар арафаи ҷашнҳои 15-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб ва анҷумани шашуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон китоби сеюми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов "Аз ориён то Сомониён" аз силсилаи китобҳои "Тоҷикон дар оинаи таърих" аз чоп баромад, ки тӯҳфаи сазовору гаронмояи Сарвари давлат ба мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи тантанаҳои пурифтихори миллӣ аст.
Китоби мазкур аз панҷ боб иборат буда, идомаи тадқиқоти илмии таърихӣ ва андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро оид ба гузаштаю имрӯзаи сарнавишти бою пурғановати мардумони ориёӣ мебошад.
Ҳадафи асосӣ аз тадқиқоти илмӣ ва таълифи китобҳои мазкур дар сарсухани китоби аввал аз ин силсила хеле возеҳу фаҳмо зикр гашта буд: "Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд."
Ба ин ва суолҳои зиёди дигар оид ба таъриху тақдири пур аз шебу фарози ниёгони фарҳангдӯсту фарҳангофари мо дар ин китобҳо посухҳои дақиқу илман асоснок дарёфт кардан мумкин аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳамон сарсухан таълифи китобҳоро на "даъвои олимӣ ва таърихнигорӣ", балки "ҳиссаи хоксоронаи як фарзанди модари тоҷик" маънидод кардааст, вале дар асл бошад китобҳои "Аз ориён то Сомониён" аз силсилаи китобҳои "Тоҷикон дар оинаи таърих" дар роҳи шинохту муаррифии фарҳанги бостонии ориёӣ ва таърихи пурғановати миллати тоҷик дорои арзиши баланди илмию таърихӣ арзёбӣ мегарданд.
Китоби сеюми "Аз ориён то Сомониён" аз силсилаи китобҳои "Тоҷикон дар оинаи таърих" ва умуман ҳамаи ин китобҳо ба доираи васеи хонандагону муҳаққиқон тавсия карда мешаванд.