Ҳизби коммунистии Бухоро: Тафовут байни таҳрирҳо

х
→‎Сарнагунии амир: ислоҳи вожаҳо using AWB
х (ислоҳи вожаҳо using AWB)
х (→‎Сарнагунии амир: ислоҳи вожаҳо using AWB)
 
Съезди 4-ум и Ҳизби коммунистии Бухоро (16—18 август 1920) қувваҳои инқилобию демо­кратии аморати Бухороро ба шӯриши мусаллаҳона даъват кард. Дар сафи дастаҳои мусаллаҳи Бухоро 5 ҳазор нафар ҷанговарон буданд. Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Туркистон ба ихтиёрп Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Бухоро 500 нафар коммунистонро ҳамчун коркунони сиёсӣ фиристод. 23 августи соли 1920 дар Сақарбозор (бекии Чорҷӯй) шӯриши мусаллаҳона cap шуд. 25 августи 1920 барои роҳбарӣ ба шӯриш маркази ҳизбӣ барпо карда шуд. 29 август шӯришгарон ва дастаҳои сурхи Бухоро Чорҷӯйи Кӯҳнаро гириф­танд.
 
Дар ҷараёни мубориза Комитети инқилобӣ барпо карда шуд, ки он ба Комиссияи туркистонии Комитети Иҷроияи Марказии Умумирусия ва Шӯрои Комиссариати Халқии Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия муроҷиат карда, ба воситаи он аз ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия (РСФСР)  ёрӣ талабид. Ҳукумати Шӯравӣ қисмҳои Армияи Сурхро бо сардории лашкаркаши машҳур М. В. Фрунзе ба Бухоро равона кард. 29—31 август Хатирчӣ, Китоб, Карми­на, Зиёвуддин, Қаршӣ, Шаҳрисабз ва [[2 сентябр]]и [[1920]] Бухорои Кӯҳна аз сарбозони амир озод карда шуданд. Ҳукумати «мустабиди амир сарнагун гардид. Инқилоби халқии демократӣ ғалаба кард. 14 сентябр Комитети инқилобии умумибухороӣ ва Совети нозирони халқ ташкил карда шуд. 8 октябри соли 1920 дар Қурултои (съезди) 1-уми умумибухороии намояндагони халқ Бухоро [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро|Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ]] эълон карда шуд. Ҳизби коммунистии Бухоро баъди анҷоми музаффаронаи шӯриши мусаллаҳона дигаргунсозиҳои инқилобии демократиро ба амал баровард. Аппа­рати кӯҳнаикуҳнаи феодалии аморати Бу­хоро бекор ва органҳоиҷумҳуриявию маҳаллии ҳокимияти Шӯравӣ ташкил карда шуданд.
 
== Ҷумҳурии Бухоро ==