Деҳоти Кӯлканд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Таърих: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 84:
 
==Таърих==
Мувофиқи маълумоти таърихӣ деҳаи Кӯлканд аз садаи XIV боз аҳолинишин аст, номи он аз калимаи аслаш туркии "кӯл" ва пасванди суғдии "канд"(хоси бисёр топонимҳои шаҳру деҳоти Осиёи Миёна) бармеояд. Аз рӯи ривоят дар ҷое, ки ҳозир деҳаи Кӯлканд воқеъ аст, дар давраҳои пеш кӯле вуҷуд доштааст. Қисми қадимтарин ва таърихии Кӯлканд гирдуатрофи кӯчаи марказӣ аз собиқ мактаби кӯҳнакуҳна(МУПКи имрӯза) то масҷиди Гузар ба ҳисоб меравад. Дар деҳаи Кӯлканд соли 1929 яке аз авваллин дар ноҳия мактаби советӣ ташкил ёфт(онвақта рақами 6, имрӯза мактаби таҳсили ҳамагонии рақами 34), худи ҳамон сол се колхози хурд ба вуҷуд омад. Ин колхозҳо соли 1950 ба колхози ба номи Куйбишев муттаҳид гардонда шуданд. Дар солҳои 70-уми асри гузашта ин хоҷагӣ ба яке аз пешқадамтарин хоҷагиҳои боғдор ва сабзавоткори ҶСС Тоҷикистон табдил ёфт. Имрӯз ин хоҷагии ҷомеавӣ номи собиқ сарвари он марҳум Мукаррамовро гирифтааст.
Заминҳои кишоварзӣ ва боғоти Кӯлканд, хусусан дар тарафи ҷануби он воқеъгашта, ки аз ду канали дар замони шӯравӣ кофташуда обёрӣ карда мешаванд, дар ҳақиқат зархезанд. Дар онҳо навъҳои балаззаттарини бисёр меваю сабзавоти гармиталаб парвариш карда мешаванд. Зардолузорҳои хоҷагии деҳа бошанд, дар миқёси ҷумҳуриявӣ машҳуранд. Навъҳои аз глюкоза бойи зардолу, аз қабили қандак, бинигорӣ, мирсанҷарӣ, ки ғайри саҳро дар аксари ҳавлиҳои кӯлкандиён низ мерӯянд, ширинтарин дар ҷаҳон эътироф шудаанд. Муайян шудааст, ки иқлими барои парвариши зардолу мусоидтарин маҳз дар боғҳои ноҳияи Исфара (аз ҷумла дар Кӯлканд) мавҷуд аст, он аз иқлими дигар ҷойҳои Осиёи Миёна фарқ мекунад. Дар ҷаҳон боз минтақаи барои сабзиши зардолу мувофиқтарин ҳаст-Итолиёи Ҷанубӣ, вале аз сабаби иқлими баҳрӣ доштани он ҷо таъми зардолуи итолиёвӣ мисли маззаи зардолуи Исфара, ки аз иқлими гарми хушки континенталӣ ва нисбатан наздик будани кӯҳсори барфпӯш баҳра мебарад, нест. Барои ҳамин ҳам дар солҳои шӯравӣ хоҷагии Куйбишев аз парвариши пахта даст кашид-иқлими ин ҷо барои пахта(ва ҳамчунин барои зироати боғчавӣ-тарбузу харбуза ва барои дарахтони ситрусӣ) нисбатан сард аст.
Дар сад соли охир аҳолии Кӯлканд мунтазам меафзояд, вале азхудкунии маҳалҳои нав барои зист маҳз дар айёми истиқлол авҷ гирифт. Алҳол масоҳати қисми аҳолинишини деҳа нисбат ба соли 1989 дучанд зиёд гардидааст.Сарҳади онро акнун аз ҷануб ҷӯи Чилгаз(онро барои обёрии ҳавлиҳо истифода мебаранд)ва аз шимол заминҳои хоҷагии ҷомеавӣ муайян мекунанд, аз шарқу ғарб ҳавлиҳои Кӯлканд ба заминҳои ҷамоатҳои ҳамсоя дакка хӯрдаанд.