Файзуллоҳ Ансорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 23:
Шеърҳояш аз соли 1948 сар карда дар матбуот ба табъ расидаанд. Китоби нахустинаш — «Калхот ва кабӯтарон» (1954) дар асоси афсонаи халқӣ иншо шудааст. «Гулдастаи дӯстӣ» (1956) нахустин маҷмӯаи ашъори шоир аст. Мавзӯи ашъори ин маҷмӯа ва шеърҳои лирикии дар маҷмӯаҳои баъдинаи Ансорӣ ҷой гирифта тараннуми ишқи поки инсон, муҳаббату садоқат ба Ватан, ба халқи тоҷик, гиромидошти анъанаҳову суннатҳои миллӣ, эҳтироми калонсолон, пирони рӯзгордида ва ғайра мебошад. Забони ашъори Ансорӣ, чи дар шеърҳои лирикӣ, чи дар достонҳо ва драмаҳои манзумаш содаву равон, фасеҳ, орӣ аз сакта аст. Ансорӣ шоири вуқӯъгӯ, мушаххаснавис, ифодагари самимитарин эҳсосоти шахс — қаҳрамони лирикӣ мебошад.
 
Баъдан маҷмӯаҳои Ансорӣ «Офтоб дар роҳ» «Дур аз шаҳр» (ҳарду 1957), «Гулшан» (1958), «Имтиҳон» (1961), «Шарофат», «Тори илҳом» (ҳарду 1963), «Буттаи гул» (1969), «Оинаи дил» (1973), «Тӯй барпо нашуд» (1979), «Оинаи махмалпеч» (1981), «Сарвати дил» (1982) ва ғайра ба табъ расидаанд, ки дар онҳо достонҳо ва драмаҳои шоир фароҳам омадаанд. Фаъолияти эҷодии Ансорӣ ба маънои пурра аз достонсароӣ оғоз ёфтааст. Вай муаллифи достонҳои «Гулшан», «Офтоб дар роҳ» (ҳарду 1956), «Дур аз шаҳр» (1957), «Шарофат» (1963), «Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй» (1976) мебошад. Қаҳрамонони достонҳои Ансорӣ ҷавонони деҳотанд. Дар онҳо ташаккули одами нав, орзую омол ва муборизаи қаҳрамон муқобили урфу одатҳои зараровари кӯҳнакуҳна, мазаммати ашхоси худхоҳу бадтинат ва ғайра инъикоси бадеии худро ёфтаанд. Дар достонҳо нақли муфассали саргузашт ва фаъолиятмандии қаҳрамон мавқеи марказӣ дошта, пояи достони эпикиро дар адабиёти тоҷик устувор кардаанд.
 
== Дромнависӣ ==
Сатри 29:
 
== Китобҳо ==
Китобҳои Ансорӣ «Офтоб дар роҳ» (1957) ва «Ситораи муҳаббат» (1967) ба забони русӣ дар шаҳри Душанбе ба табъ расиданд. Асарҳои Ансорӣ инчунин ба забонҳои украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
 
== Ҷоизаҳо ==