Бодом: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Хосияти шифоӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 40:
 
== Хосияти шифоӣ ==
Мағзи бодом давобахш аст. Дар ин бобат дар бисёр китобҳои табибони гузашта, аз ҷумла дар «Қонуни тиб»-и Абуалии Сино, «Махзану-л-адвия»-и Муҳаммад Ҳусейн ибини Муҳаммади Оқилӣ, «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ ва ғ. маъулмот дода шудааст. Табибони мардумӣ мағз, равған, барг ва гули бодоми ширинро даво меҳисобанд. Истеъмоли 0,5-2,0 қошуқ равғани бодом барои табобати қабзият, газак, халаи музмин ва бемориҳои роҳи нафас (бронхит) муфид мебошад. Табибон бо мағзи бодоми ширин зардпарвинро муолиҷа менамоянд. Бо ин мақсад рӯзи якум истеъмоли 5 дона (2-3 маротиба) бодом тавсия мешавад; рӯзҳои баъдӣ миқдори онро 5-донагӣ афзуда, баъди 4-5 рӯз тақр. ба 70 дона мерасонанд. Сипас, миқдори истеъмоли мағзро ба ҳамин тартиб кам карда, ба 15 адад меоранд ва ба табобат хотима мебахшанд. Барои муолиҷаи гӯшдард рӯзе 2 маротиба ба гӯш равғани бодом чакондан муфид аст. Молидани равғани бодом пӯстро нарм месозад. Аз мағзи кӯфтаи бодом «шири бодом» таҳия мекунанд, ки дар пардозгарӣ истифода мешавад. Марҳами барги тари бодом барои доғи кунҷидак, думбал ва ҷароҳати фасоддори пӯст нофеъ аст. Агар бодомро то бӯяш баромадан тафсонда, баъд мағзи онро ҷудо карда бихӯранд, меъдаро қавӣ мегардонад, исҳолро мебандад, сустии меъдаро дафъ мекунад, маниро зиёда менамояд. Агар 17,5 г мағзи бодомро кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, дарди ҷигар ва сурфаро шифо мебахшад. Ғӯраи бодомро бо пӯсташ бихӯранд, буни дандонро мустаҳкам мекунад; гули онро истеъмол кунанд, боҳи мардонро ба ҳаракат меоварад. Барги тару тозаи бодоми ширинро кӯфта бихӯранд, дарунро меронад, кирмҳои меъдаро мерезонад. Агар решаи бодоми талхро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, сипурз ва гурдаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад. Мағзи онро кӯфта, бо сирко ё шароб сиришта гузошта банданд, решҳои кӯҳнакуҳна ва даванда, обилаҳои тар, шукуфаи пӯст, қӯтур, хориш ва аллергияи пӯстро шифо мебахшад.
 
Дар тибби муосир равғани бодом ба сифати давои рафъи қабзият тавсия дода мешавад. Онро ба таркиби линиментҳо, марҳамҳо, кремҳои гуногун илова мекунанд. Ҷавҳари обии мағзи бодом тарашшӯҳи шираи меъдаро кам мекунад, барои муолиҷаи газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта муфид аст.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бодом"