Тахористон: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB |
|||
Сатри 1:
'''Тахористон''' – мамлакатест, ки дар ду соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буд, сарзамини имрўзаи Афғонистони шимолӣ, Тоҷикистону Ўзбекистони ҷанубӣ.<ref>Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010.</ref>
Тахориҳо ба Бохтар(давлати Юнону Бохтар) якҷоя бо қабилаҳои массагетҳову сакоиҳо омада дар озодкунии мамлакат аз юнониён ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ кишвар нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тахористон номида мешуд. Тахориҳо чун чузъи
Дар бораи мулкҳои ҷудогонаи Тахористон – Хуттал, Вахон, Шуғнон, Чағониён, Шумон сайёҳ ва зоири дигари буддоӣ Хой-Чао, ки соли 726 ба [[Вароруд (Варазруд)]] омада буд, маълумот медихад. Тахористон навохии имрўзаи ҷанубии Тоҷикистону вилояти Сурхандарёи Ўзбекистон ва қисматҳои шимолии Афғонистонро дар бар мегирифт. Ин давлат аз ҷиҳати масоҳат ба Бохтари қадим шабоҳат дошт. Тахористон ҳарчанд кишвари калону фарох ба ҳисоб равад ҳам, вале аз нигоҳи сиёсӣ мамлакати номутамарказу пароканда буд. Дар сари ҳар як мулк як волӣ ё малики мустақил меистад. Ба таври дигар Тахористонро конфедератсияи номуназзам ё иттиҳоди мулк-давлатҳои соҳибихтиёр гуфтан мумкин аст..<ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 71.</ref>
|