Ҳомер: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х →‎«Илиада»: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 22:
== «Илиада» ==
Дар достони «Илиада» чи хел бо сарварии шоҳ Агамемнон муҳосира гаштани шаҳри Троя васф шудааст. Сабаби cap задани ҷанг аз ҷониби Парис, писари шоҳи Троя, дуздидани Еленаи соҳибҷамол, завҷаи Менелай, будааст.
«Илиада» як воқеаи муҳорибаи Троя, ҷанги байни пешвои ахейҳои шоҳи микенҳо Агамемнонро бо қаҳрамони юнонӣ Ахиллес, ҷанговари ҷасур ва нерӯманд, ба чаҳорчӯбаи тасвир гирифтааст. Барои «Илиада» маҷмӯи ривоятҳо дар атрофи Троя, акси садои юриши бузурги юнониҳои микенӣ ба қалъаи Осиёи Сағир, сарчашмаи асосйасосӣ мебошад. Вале баъзе лаҳзаҳо бо дигар воқеаҳои таърихй тавъам гашта, дар навбати худ ҳикоятҳои навро дар васфи қаҳрамонҳо ба миён овардаанд. Муҳосираи шаҳр нӯҳ сол идома ёфт. Баходурони юнонӣ бисёр корномаҳо карданд ва ҳамаи онҳоро Ҳомер муфассал ба риштаи назм кашидааст. Ӯ дар эҷодаш аз сохти анъанавии шеъри юнонӣ-гекзаметр-шеъри ҳар мисрааш шашрукна истифода бурда, лаҳзаҳои муҳориба, сару либоси ҷанговарон, рафтору кирдор ва маҳалли ҳарбу зарбро воқеъбинона сурудааст.
Ба шарофати достонҳои Ҳомер тарзи ҳаёти иҷтимоии сипоҳиёни юнонӣ имрӯз бароямон торик нест. Ҳатто аз сурудаҳои ӯ археологҳо вайронаҳои Трояро ёфтанд ва таърихдонҳо аниқ карданд, ки дар ҳақиқат ин шаҳр тахминан солҳои 1200 то милод аз тарафи юнониҳо забт шудааст.
Пас аз фатҳи шаҳр ва озод намудани Еленаи париваш голибон роҳи бозгаштро пеш мегиранд.<ref>Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 37 – 38</ref>
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳомер"