Мошинсозӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 39:
3аводи «Асбобу дастгоҳҳои сохтмон»-и Регар бо маҳсулоти худ ба сабукгардонидани технологияи кори сохтмони республика ёрӣ карда, инчунин барои заводи мошинҳои пахтачинии шаҳри Тошкент насос мебарорад.
 
3аводҳои арматурии ба номи Орҷоникидзе, «Аппаратҳои газ»-и Ленинобод заводҳои калонтарини Осиёи Миёна буда, барои тамоми республикаҳоиҷумҳуриҳои Осиёи Миёна таҷҳизоти газ истеҳсол мекунанд. Саноати Мошинсозии республика асосан дар шаҳрҳои Душанбе (50 %). [[Хуҷанд]], [[Конибодом]], [[Кӯлоб]], [[Бохтар]] ва ғ. ҷойгир шудааст.
 
Дар Тоҷикистон бештар аз 15 заводи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ мавҷуд буда онҳо қариб ҳамаи намудҳои мошинҳои хоҷагии қишлоқро таъмир карда, ба колхозу совхозҳо ёрии амалӣ мерасонанд. Дар Душанбе заводи махсусгардонидашудаи «Таъмири экскаватор» кор мекунад, ки дорои таҷҳизоти технологии нав, цехҳои рехтагарии пӯлоду чӯян мебошад. Соҳаи Мошинсозӣ республика нисбатан нав буда, босуръати баланд пеш меравад. Дар солаи 9-ум ҳаҷми маҳсулоти Мошинсозӣ 64,5 % зиёд шуд. Дар панҷсолаи 10-ум аз ҳисоби азнавсозӣ ва такмили техникии заводҳои «Ленинободселмаш», «Тоҷикгидроагрегат», «Торгмаш», заводи арматурии ба номи Орҷоникидзе ва ғайра нисбат ба соли 1975 152 % зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти Мошинсозӣ пешбинӣ карда шудааст. Саноати Мошинсозии республика дар панҷсолаҳои минбаъда дар асоси сохтмони заводҳои нави подшипниксозӣ, приборсозӣ ва ғайра пеш меравад. Соли 1980 ҳаҷми истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ, арматураҳои чӯянӣ барои саноати нефту газ ва химия 2 баробар, таҷҳизоти технологии сонаи дастгоҳсозӣ қариб 3 баробар меафзояд. Пешбинӣ шудааст, ки истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, таҷҳизоти корхонаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, савдо ва ғайра 1,5 баробар зиёд карда шавад.