Ҳоитӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 16:
 
== Аҳолӣ ==
95 дарсади аҳолии Ҳаитӣ аз нажоди африқоиҳои Амрико (авлоди ғуломони африқоӣ), 5 дарсад дурагаҳо ва сафедпӯстон мебошанд. Забонҳои расмӣ — фаронсавӣ (10 дарсади аҳолӣ бо он гуфтугӯ мекунанд) ва креолӣ (аксарияти аҳолии мамлакат аз он истифода мекунанд), ки дар заминаи лаҳҷаҳои африқоӣ ва иқтибос аз забони фаронсавӣ ба вуҷуд омадааст. 80 дарсади аҳолии Ҳаитӣ муътақиди мазҳаби католикӣ, 16 дарсад — пайравони мазҳаби протестантӣ. Бо вуҷуди он ки мазҳаби католикӣ дини расмии давлатӣ буд, аз нисф зиёди аҳолӣ аз мазҳаби вуду пайравӣ мекард. Бинобар ин соли 2003 мазҳаби вуду (дар баробари мазҳаби католикӣ) дини расмии давлатӣ эътироф карда шуд. Суръати миёнаи афзоиши табиии аҳолӣ 1,8 дарсад буда, нишонаи миёнаи дарозумрӣ 61 сол (занҳо — 59 сол, мардҳо — 62-сол) аст. Тавлид — 32 %, фавт — 14 %, фавти навзодон ба ҳар 1000 нафар — 58 кӯдак. Зичии миёнаи аҳолӣ — 199 нафар дар 1 км<sup>2</sup> (дар ноҳияҳои кишоварзии ҷанубу шарқ — 500 нафар дар 1 км<sup>2</sup>, дар пуштакӯҳи марказии иқлимашон хушк — то 40 нафар дар 1км<sup>2</sup>). Шаҳрҳои бузургаш: Кап-АитйенАитӣен, Гонаив, Ле-Ке.
 
== Таърих ==
То охири садаи XV дар Ҳаитӣ қабилаҳои сершумори аравакҳо ва карибиҳои ҳинду маскун буданд. Ҷазираро 6 декабри 1492 Х. Колумб кашф карда, Эспанола ном гузошт. Мустамликадорони Испания қариб ҳамаи аҳолии ҳиндуро нобуд карда, аз ибтидои садаи XVI ғуломони сиёҳпӯстро аз Африқо барои кор дар плантатсияҳо оварданд. Дар ибтидои садаи XVII ба Ҳаитӣ роҳзанҳои баҳрии англис ва фаронсавӣ ворид шуданд. Баъди ҷанги Испания бо Фаронса соли 1697 мувофиқи шартномаи Рисквик Эспанола байни онҳо тақсим карда шуд. Қисми шаҳрҳои ҷазираи (мустамликаи Санто-Доминго) дар ихтиёри испаниҳо боқӣ монд. Қисми ғарбӣ ба тобеияти салтанати фаронсавиҳо гузашта, Сан-Доминго ном гирифт. Сан-Доминго муҳимтарин мустамликаи фаронсавиҳо дар Вест-Индия буд. Молҳои дар он истеҳсолшуда — қанд, қаҳва, индиго, пахта ва какао молҳои асосии содиротии фаронсавиҳо буданд. Тамоми иқтисодиёт дар дасти шумораи ками сафедпӯстон қарор дошт. Аҳолии сиёҳпӯст, ки аксариятро ташкил медод, дар мавқеи ғуломони беҳуқуқ боқӣ монд. Чунин муносибатҳои иҷтимоӣ вазъи Сан-Домингоро муташанниҷ гардонданд. Инқилоби садаи XVIII-и Фаронса боиси барафрӯхтани низоъҳо гашт. Соли 1791 нахустин шӯриши сиёҳпӯстон — ғуломон бо роҳбарии А. Букман сар зад. Баъди қатли вай шӯриш таҳти роҳбарии ғуломони гуреза Жан Франсуа ва Биассу идома ёфт. Соли 1794 ба мубориза Ф. Д. Туссен-Лувертюр роҳбарӣ кард. Дар Ҳаитӣ ғуломдорӣ барҳам дода (1801), истиқлоли сиёсӣ (1804) ба даст оварда шуд. Асосгузори Ҳаитии мустақил генерал Ж.-Ж. Дессалин соли 1804 бо номи Якови I императори Ҳаитӣ эълон карда шуд. Баъд аз фавти ӯ (1806) мамлакат ба ду давлати алоҳида: «империяи сиёҳпӯстон»-и А. Кристоф (аз соли 1811 император Анри I) дар шимол (1807-20) ва «республикаи дурагаҳо»-и А. Петион дар ҷануб (1807-18) ҷудо шуд. Байни онҳо муборизаи шадид давом кард. Соли 1821 Ҳаитӣ таҳти ҳукумати ҷонишини Петион- Ж П Буайе республикаи воҳид шуд, ки ӯ онро ҳамчун ҳокими мутлақ (диктатор) то соли 1843 идора кард. Соли 1825 истиқлоли Г-ро Фаронса ва баъд аз он дигар мамлакатҳои ҷаҳон эътироф карданд. Соли 1844 қисмати испании ҷазира истиқлол ба даст овард ва дар он ҷо Республикаи Доминикан ташкил шуд. Императори Ҳаитӣ Фаустини I барои тобеъ намудани он як қатор кӯшишҳои бебарор кард. Ин боиси аз вазифа сабукдӯш шудани ӯ ва барқарор намудани республика дар Ҳаитӣ (20.1.1859) гашт. Вазъияти сиёсии дохилии Ҳаитӣ дар охири садаи XIX — ибтидои садаи XX ноустувор буд ва ҳукумат зуд-зуд иваз мешуд. Дар нимаи 1 садаи XX ИМА Ҳаитиро муддати дароз (1915-34) забт намуда, онро амалан ба протекторати худ табдил дод. Соли 1934 таҳти фишори ҳаракати озодихоҳӣ хукумати Ф. Рузвелт маҷбур шуд сипоҳиёни худро аз Ҳаитӣ барорад, вале назорати молиявӣ ва гумрукии Амрико дар мамлакат то соли 1947 боқӣ монд. Соли 1935 Президент С. Ж. Венсан (1930-41) конститутсияи нави мамлакатро қабул кард. Нимаи 2 садаи XX ҳамчун диктатураи хунини хонаводаи Дювалйе: аввал асосгузори сулола — Ф. Дювалйе (1957-71), баъд писари вай Ж.-К. Дювалйе (1971-86) ба қайд гирифта шудааст. Дар сиёсати берунӣ президентҳои Ҳаитӣ то соли 1957 ва Дювалйе роҳи ҳамкорӣ бо ИМА-ро пеш мегирифтанд. Вазъи иқтисодии вазнини аҳолӣ ва худсарии ҳукуматдорон боиси исёни халқ ва кӯшишҳои ҷузъии табаддулоти давлатӣ гардиданд. Суқути диктатураи Дювайле 7 феврали 1986 ба дигаргунсозии ҷамъияти Ҳаитӣ замина гузошт. Соли 1987 конститутсия қабул карда шуд, ки мувофиқи он дар Ҳаитӣ республикаи президентӣ бар принсипи тақсимкунии ҳокимият барпо карда шуд. Вале раванди гузариш хеле ноустувор ва бо буҳронҳои сиёсии пайдарҳаму хатари доимии табаддулотҳои давлатӣ алоқаманд буд. 7 феврали 1991 дар нахустин интихоботи демократӣ собиқ кашиши католикӣ Ж.-Б. Аристид Президент шуд. Табаддулоти ҳарбии 30 сентябри 1991 ҳукмронии ӯро қатъ карда, худашро аз мамлакат ронд. Бо ширкати фаъоли ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мамлакат низоми демократии Аристид (15. 10. 1994-7. 2. 1996) барқарор карда шуд. Дар интихоботи соли 1996 намояндаи ҳизби Лавалас Р. Превал ғолиб омад. Соли 2000 дубора ба вазифаи президентӣ интихоб шудани Аристид вазъияти сиёсиро устувор накард. Мухолифин ҳукумати алтернативӣ ташкил карда, бо дастгирии як қатор созмонҳои иттифоқи касаба, ҷавонон, занон гурӯҳи мухолифини 184 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандиро созмон дод. Тадбирҳои номақбули андешидаи Аристид ва муҷозоти сахти иқтисодӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то анҷом додани интихоботи пеш аз муҳлати параламентӣ нисбат ба Ҳаитӣ ба тасвиб расонд, вазъиятро боз ҳам мураккабтар карданд. 5. 2. 2004 дар Гонаив бо роҳбарии Ҷабҳаи инқилобии муқовимати Артибонит (баъдтар — Ҷабҳаи халқии инқилобӣ барои озодкунии Ҳаитӣ) исёни зиддиҳукуматӣ сар зад. Охири феврали 2004 исёнгарон Кап-АитйенАитӣен ва тамоми шимоли мамлакатро ишғол намуда, ба ҷанубу ғарб ҳаракат карданд ва ба пойтахт наздик шуданд. Онҳо ба истеъфо рафтани Аристидро талаб намуданд. 29 феврали 2004 Аристид таҳти фишори исёнгарон истеъфо дода, мамлакатро тарк кард. Баъдтар вай гуфт, ки қурбони табаддулоти ташкилкардаи ИМА шуд ва низоми навро эътироф накарда, халқро ба «муқовимати ором» даъват намуд. Вазифаи президентиро муваққатан роҳбари Суди олӣ Бонифас Александр ишғол кард. Вай ба СММ муроҷиат намуд, ки ба мамлакат қувваҳои байналмилалиро ворид кунад. Бо қарори Шӯрои амнияти СММ моҳҳои март — апрели 2004 ба Ҳаитӣ қувваҳои ҳарбии маҳдуди ИМА, Фаронса, Канада ва Чили ворид карда шуданд. «Шӯрои фарзонагон», ки марти 2004 аз ҷумлаи ҳодимони маъруфи ҷамъиятӣ ташкил карда шуда, буд, дар бораи аз вазифаи сарвазирӣ ба истеъфо рафтани тарафдори Аристид — И. Нептюн (2002-04) ва роҳбари ҳукумат таъйин намудани Ж. Латортю қарор қабул кард. Вай ҳукуматро аз ҷумлаи мутахассисони ғайриҳизбӣ ва ходимони ҷамъиятӣ ташкил кард. Ҳайати нав ба халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карда, дар соли 2005 гузарондани интихоботҳои умумиро эълом дошт. Вале бар асари нобасомониҳои маъракаи интихоботӣ ва бетартибиҳо интихоботи президентӣ танҳо феврали 2006 амалӣ шуданд, ки дар онҳо боз Р. Превал ғолиб омад. Дар интихоботи солҳои 2010-11 Мишели Мартели Президенти Ҳаитӣ интихоб шуд.
 
== Иқтисодиёт ==
Сатри 34:
 
== Маориф ва илм ==
Дар Ҳаитӣ маълумоти ибтидоии 6-солаи ройгон ҷорӣ карда шудааст, вале на ҳамаи кӯдакони 7-14-сола ба мактаб мераванд. Соҳаи маориф тобеи Вазорати миллии маориф буда, мактабҳои ибтидоӣ, миёна, олӣ ва касбӣ-техникиро дар бар мегирад. Аксарияти мактабҳои ибтидоӣ давлатианд. Мактаби миёна 7-сола буда, аз ду давра — поёнӣ (4 сол) ва болоӣ (3 сол) иборат аст. Ба шумораи мактабҳои миёна мактабҳои давлатӣ ва коллеҷҳои хусусӣ дохил мешаванд. Маълумоти касбӣ дар заминаи мактабҳои касбӣ-техникӣ (муддати таҳсил 3 сол) дода мешавад. Маълумоти олиро Университети давлатии Ҳаитӣ, се мактаби олии техникӣ ва академияи ҳарбӣ дар Порт-о-Пренс медиҳанд. Дар ш.-ҳои Кап-АитйенАитӣен, Ле-Ке, Гонаив ва Жереми институтҳои ҳуқуқшиносӣ фаъолият доранд. Таҳқиқоти илмӣ дар Ҳаитӣ суст инкишоф ёфтааст. Қисми зиёди муассисаҳои илмӣ тобеи Университети давлатии Ҳаитӣ мебошанд.
 
== Фарҳанг ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳоитӣ"