Ҳасани Муҳаммадӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х →Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB |
No edit summary |
||
Сатри 1:
{{Адиб
| ном = Ҳасани Муҳаммадӣ
| номи аслӣ = Ҳасани Муҳаммадӣ
Сатри 8:
| навъи фаъолият = [[нависанда]], адабиётшинос ва фарҳангшинос.
}}
'''Ҳасани Муҳаммадӣ'''
== Зиндагинома ==
Ҳасани Муҳаммадӣ 30 октябри соли 1940 дар маҳаллаи Баландпояи шаҳристони Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё таваллуд ёфтааст. Соли
Шуравӣ ба Душанбе омада, дар кафедраи адабиёти тоҷики [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г.
Солҳои
Аз моҳи майи 2006 то соли 2018 ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи фарҳангу иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ кор мекард. 6 майи соли 2020 нависанда, адабиётшинос ва фарҳангшиноси тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ дар синни ҳаштодсолагӣ аз олам чашм пӯшид.
== Эҷодиёт ==
Тақризу мақолаҳояш аз нимаи дувуми солҳои шастуми садаи бист дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд. То имрӯз бештар аз панҷоҳ тақриз ба табъ расондааст, ки муаллифашонро ба хонандагону адабиётшиносон ҳамчун мунаққиди ҷӯяндаву навовар муаррифӣ намудаанд. Чеҳраҳои эҷодии донишмандони тоҷик [[Шарифҷон Ҳусейнзода]], [[Воҳид Асрорӣ]], [[Раззоқ Ғаффоров]], [[Камол Айнӣ]] ва ғ-ро моҳирона рӯи коғаз овардааст.
Шохаи дигари фаъолияти адабётшиносии Ҳасани Муҳаммадӣ таҳқиқи масоили равобити адабӣ буда, ба туфайли навиштаҳои ӯ хонандагон тоҷик бо ҳаёт ва эҷодиёти адибони бузурги ҷаҳон, аз ҷумла К.Чуковский, А. Твардовский, А.Гайдар, П. Неруда, Мӯсо Ҷалил ва ғ. ошнойии бештаре пайдо кардаанд.
Оид ба хусусиятҳои жанрӣ ва бадеии достонҳои Мирзо Турсунзода чанд мақола ва ду монография («Достони фалсафӣ ё фалсафаи достон», «Салосат, фасоҳат ва балоғати сухан») таълиф кардааст.
Аз охири солҳои ҳаштодум ба навиштани асарҳои мансур пардохтааст, ки силсилаи қиссаву ҳикояву таронаҳои «Дарёи ғазалхон», «Китоби зиндагӣ», «Гуфтугӯ бо фаришта», «Закоти ҳусн», «Ростоншоҳ» ва ғ. Намунаҳои онанд.
Муаллифи маҷмӯаҳои «Қатраборон» (2000), «Афсонаи дил» (2002), «Гулбонги ошиқона» (2010), «Садои пойи борон» (2010), «Салосат, фасоҳат ва балоғати сухан» (2011), «Меҳргоннома» (2012),
Дар силсилаи эссеҳои ӯ чеҳраҳои як даста ҳунарвару фарҳангиёни кишвар ба қалами тасвир оварда шудаанд.
Ду асари драмавии ӯ «Шербачаи зардгун» ва «Устои қулфи англисӣ» дар озмуни драманависони мамлакат баҳои хуб гирифта, аввалиро Театри ҷумҳуриявии лӯхтак саҳнагузорӣ кардааст.<ref>Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим.
== Сарчашма ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик аз рӯи
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
|