Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Манобеъ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 38:
[[14 октябр]]и [[соли 1924]] дар натиҷаи таъйиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии [[Осиёи Миёна]] дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ([[ИҶШС]]) таъсис ёфт. ҶМШС Тоҷикистон - иборат аз вилоятҳои Қаротегин ([[Ғарм]] ва Дарвозу Ванҷ), [[Кӯлоб]], [[Қурғонтеппа]], [[Ҳисор]], [[ноҳияи Панҷакент]] (ва Фалғар - [[ноҳияи Айнӣ]]), - [[ноҳияи Истаравшан|ноҳияи Ӯротеппа]] (ва [[Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ]]) ва қисман ноҳияи Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия буд.
Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШС Тоҷикистон) дар маҷлиси якуми худ, ки [[9 декабр]]и [[соли 1924]] дар шаҳри [[Тошканд]] баргузор шуд, масъалаҳои тартиби ба таври расмӣ эълон кардани таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба шаҳри [[Душанбе]] кӯчида омадани ҳайати ҳукумат, тасдиқи сохтори дастгоҳи ҳукумат, буҷети ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои муҳимтарин, аз ҷумла масъалаи муайян намудани маълумоти мушаххас оид ба шумораи аҳолии ба ҳайати ҷумҳурӣ дохилшаванда, ҳудуди [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], ки ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШС Тоҷикистон) ҳамроҳ карда мешуд, дар бораи расонидани ёрӣ ба хоҷагиҳое, ки аз ҷанги босмачигарӣ зарар дидаанд ва ғайраҳоро муҳокима кард.
Ҳангоми муайян кардани сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ махсус қайд карда шуд, ки бояд «дар навбати аввал Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, Раёсати сиёсии давлатӣ (ГПУ), Комиссариати молия, Комиссариати маориф, Комиссариати адлия ва прокуратураи давлатӣ ташкил карда шаванд». Ҳамин тавр Комиссариати халқии адлия яке аз аввалин комиссариатҳое буд, ки дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда шуд.<ref>[http://www.minjust.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=96&Itemid=101&lang=tj Сомонаи Вазорати адлияии ҶТ/Таърих]</ref>
 
Вилояти махсуси [[Помир]], ки пештар ба ҳайати [[Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон]] дохил буд, ба [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон|Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ]] табдил дода шуд ва [[2 январ]]и соли [[1925]] ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии СотсиалистииҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.
Масоҳати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 135 620 км², аҳолӣ 739 503 нафарро ташкил мекард. [[29 апрел]]и [[соли 1929]] дар анҷумани II Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул шудааст.
== Талошҳо барои барои маҳалҳои тоҷикнишин ==
[[29 апрел]]и [[соли 1929]] дар анҷумани II Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул шудааст.
Қаҳрамоние, ки Конибодому конибодомиён нишон доданд дар таърихи навини тоҷик бемисл аст. Феврали [[соли 1925]] конибодомиён поезди Раиси ВСИК [[Михаил Калинин]]ро, ки ба самти [[водии Фарғона]] ҳаракат мекард, нигоҳ дошта аз ӯ хоҳиш карданд, ки то волосташонро ба Тоҷикистон бипайванданд ва ё мухторият бидиҳанд, зеро онҳо тоҷиканд. Конибодомиён бо ин амалашон на танҳо Конибодомро, балки Исфараву деҳаҳои тоҷикнишини атрофро наҷот доданд. Дертар сарварони ин иқдом Аъзам Нодиров ва Маҳмудҷони Ашурмуаҳаммадзодаро - Маҳмудҷон ревком (падари асосгузори филмҳои мазҳакавии тоҷик [[Муқадас Маҳмудов]]) баҳри амали густохонаашон ба лагерҳои сталинӣ партофтанд, Аъзам Нодиров дар он ҷон дод.<ref>{{Cite web|url=http://virusim.blogspot.com/|title= Душмани №1 тоҷик - вируси М|author=Ҳабиб Саид |website= virusim.blogspot.com |date=|publisher=|lang=tg|accessdate=2020-05-14}}</ref>.
 
[[16 октябр]]и соли [[1929]] Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] табдил дода шудааст. [[5 декабр]]и [[соли 1929]] [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] ба ҳайати [[ИҶШС]] қабул шудааст.