Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Манобеъ: навсозӣ
Сатри 43:
Вилояти махсуси [[Помир]], ки пештар ба ҳайати Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил буд, ба [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон|Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ]] табдил дода шуд ва [[2 январ]]и соли [[1925]] ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.
Масоҳати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 135 620 км², аҳолӣ 739 503 нафарро ташкил мекард. [[29 апрел]]и [[соли 1929]] дар анҷумани II Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул шудааст.
== Талошҳо барои бароипайвастани маҳалҳои тоҷикнишин ==
Қаҳрамоние, ки Конибодому конибодомиён нишон доданд дар таърихи навини тоҷик бемисл аст. Феврали [[соли 1925]] конибодомиён поезди Раиси ВСИК [[Михаил Калинин]]ро, ки ба самти [[водии Фарғона]] ҳаракат мекард, нигоҳ дошта аз ӯ хоҳиш карданд, ки то волосташонро ба Тоҷикистон бипайванданд ва ё мухторият бидиҳанд, зеро онҳо тоҷиканд. Конибодомиён бо ин амалашон на танҳо Конибодомро, балки Исфараву деҳаҳои тоҷикнишини атрофро наҷот доданд. Дертар сарварони ин иқдом Аъзам Нодиров ва Маҳмудҷони Ашурмуаҳаммадзодаро - Маҳмудҷон ревком (падари асосгузори филмҳои мазҳакавии тоҷик [[Муқадас Маҳмудов]]) баҳри амали густохонаашон ба лагерҳои сталинӣ партофтанд, Аъзам Нодиров дар он ҷон дод.<ref>{{Cite web|url=http://virusim.blogspot.com/|title= Душмани №1 тоҷик - вируси М|author=Ҳабиб Саид |website= virusim.blogspot.com |date=|publisher=|lang=tg|accessdate=2020-05-14}}</ref>.