Суҳроб Хоҷаев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
 
{{Сабукварз}}
'''Хоҷаев Суҳроб Рустамович''' (тав. 21 майи 1993, ноҳияи [[Фархор]], [[Тоҷикистон|Ҷумҳурии Тоҷикистон]]) — [[Варзиши сабук|варзишгари]] гурзандози тоҷику узбек. Фаъолияти варзишиашро дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон оғоз намуда, аз соли 2010 инҷониб дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муаррифӣ мекунад. Иштирокдори дукаратаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ ва Чемпионатҳои Осиё, ғолиби чандинкаратаи чемпионатҳои кишвар.
 
== Шарҳи ҳол ==
Суҳроб Хоҷаев 21 майи соли 1993 дар ноҳияи Фархори [[Вилояти Хатлон|вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ —]] Рустам Хоҷаев [[Тоҷикистон|таваллуд шудааст]]. Ҳангоме ки Суҳроб ду сол дошт, оилаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯч мебандад.
 
Аз шашсолагӣ ба варзиш машғул шуда, сараввал намудҳои варзиши гимнастика, шиноварӣ, [[теннис]], [[Бокс|боксро тамрин]] кард, аммо дар ниҳоят, соли 2006 ба варзиши сабук (гурзандозӣ) гузашт. Вай таҳти роҳбарии мураббӣ Шамшод Қурбонов партоби диск омӯхта, пасон ба гурзандозиро омӯхт. Мураббии аввалини ӯ дар ин ҷода Суҳроб Мардонов мебошад. Зери ҳидоятҳои мутахассисоне чун [[Дилшод Назаров]], Александр Пискунов ва [[Андрей Абдувалиев]] тамрин кардааст. Соли 2009 Коллеҷи тарбияи ҷисмониро хатм кардааст.
 
Аввалин муваффақияти ҷиддии Суҳроб дар арсаи байналмилалӣ нишони нуқраи Чемпионати ҷаҳони наврасон дар Бриксен аз навъи гурзандозӣ мебошад.
 
Соли 2010 [[Тошканд|барои иқомати доимӣ ба [[Тошканд|Тошкан]]<nowiki/>д кӯчид ва аз он вақт инҷониб тими миллии УзбекистонроӮзбекистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад.
 
Соли 2012 дар ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбекистон барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии Осиё гардид, инчунин дар Қаҳрамонии ҷаҳони наврасон дар Барселона нишони биринҷӣ гирифт. Соли 2012 дар Бозиҳои тобистони олимпӣ тимми мунтахаби Ӯзбекистонро намояндагӣ кард ва дар гурзандозӣ миёни мардон натиҷаи 65,88 метрро нишон дода, мақоми 38-ум дар натиҷаи ниҳоии мусобиқа касб кард.
 
Соли 2014 дар Бозиҳои Осиёии Инчуун ҳунарнамоӣ карда, мақоми панҷум ва дар Қаҳрамонии Осиё — 2015 дар Уҳан мақоми чорумро касб кард.
Сатри 20:
Пас аз Олимпиадаи дуввум дар карераи худ Хоҷаев дар ҳайати дастаи варзиши сабуки Ӯзбекистон монд ва иштирокашро дар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ идома дод. Ҳамин тавр, соли 2017 ӯ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Боку ҳунарнамоӣ кард, ки дар он панҷум буд.
 
Соли 2018 дар [[Бозиҳои Осиёии Ҷакарта]] нишони биринҷӣ гирифт.
 
Соли 2019 дар Қаҳрамонии Осиё дар Доҳа нишони биринҷӣ ба даст овард. 3 июни соли 2021 роҳхатти навбатии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токийёро ба даст овард. Рекорди шахсии Суҳроб Хоҷаев дар гурзандозӣ ба 78,22 метр баробар аст.