Гликолҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Гликолҳо,''' диолҳо'','' спиртҳои дуатомаи қатори ҳаднок, ки формулаи умумиашон CnH<sub>2</sub>n(OH)<sub>2</...
 
No edit summary
 
Сатри 1:
[[Акс:Ethylene glycol.svg|thumb|Формулаи сохтории [[этиленгликол]]]]
'''Гликолҳо,Глико́лҳо''' диолҳо'',''(дио́лҳо) — спиртҳои дуатомаи қатори ҳаднок, ки формулаи умумиашон CnH<sub>2</sub>n(OH)<sub>2</sub> аст.
 
Гурӯҳҳои гидроксил (OH) дар молекула метавонанд дар назди як атоми С (гликолҳои геминалӣ) ё атомҳои ҳамшафат (гликолҳои витсионалӣ) ҷойгир шуда бошанд. Гликолҳои сода ва мураккаб мавҷуданд. Гликолҳои сода маҳлулҳои беранги часпаку бебӯй ва ширин буда, дар об ва спирт хуб ҳал мешаванд; гликолҳои мураккаб моддаҳои сахтанд ва фақат дар ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешаванд. Гликоли содатарин этиленгликол HOCH<sub>2</sub> — CH<sub>2</sub>OH аст. Вобаста ба ҷойгирии мутақобилаи гурӯҳҳои OH дар молекула 1,2-гликолҳо (мас., HOCH<sub>2</sub> CH(OH)CH<sub>3</sub>), 1,3-гликолҳо (HOCH<sub>2</sub> — CH<sub>2</sub> — CH<sub>2</sub>OH) ва ғ. мавҷуданд. Гликолҳо хосияти спиртҳоро доранд. Гурӯҳҳои гидроксилии онҳо новобаста ба ҳамдигар ва бештар дар як вақт ба реаксия ворид мешаванд. Гликолҳо бо филизҳои ишқорӣ ва гидроксидҳои онҳо пайваст шуда, гликолатҳо (NaOCH<sub>2</sub>CH<sub>2</sub>ONa), бо кислотаҳои якасосаи карбон ва ҳосилаи онҳо эфирҳои мураккаб, бо кислотаҳои дуасоса полиэфирҳои мураккаби формулаи умумиашон [–ORO –-ORO — (O)CR'CCR’C(O)-]n ҳосил мекунанд. Ҳангоми беобгардонии гликолҳо (дегидрататсия) вобаста ба ҷойгирии гурӯҳҳои ОН дар молекула ва шароити беобгардонӣ пайвастҳои карбонилӣ ё эфирҳои содаи силсилавӣ (сиклӣ, занҷирӣ) падид меоянд, мас., аз этиленгликол атсеталдегид ё диоксан, аз бутандиол — 1,4-тетрагидрофуран ҳосил мешавад. Гидролизи дигалогенҳо ё хлоргидринҳо усули умумии синтези гликолҳо аст; 1,2-гликолҳо дар натиҷаи бо об пайваст гаштан (гидрататсия)-и 2-оксидҳо ё оксидшавии олефинҳо ҳосил мешаванд. Этиленгликол, пропиленгликол, бутиленгликол ва ҳосилҳои эфирии онҳо, мас., диэтиленгликол O(CH<sub>2</sub>CH<sub>2</sub>OH)<sub>2</sub> дар амалия бештар истифода мегарданд. Гликолҳо рангҳои синтезӣ, лок, қир ва каучукро хуб ҳал карда, дар истеҳсоли резин ҳамчун пластификатор (маводди афзояндаи чандирӣ), инчунин барои синтези қирҳои полиэфирӣ ва полиуретанҳо ба кор мераванд. Гликолҳо ба таркиби антифриз ва моеъҳои гидравликӣ ҳамроҳ карда мешаванд.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Гликолҳо|4|муаллиф= Ш. Холиқов}}
 
[[Гурӯҳ:Спиртҳои дуатома]]