Гликопротеинҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Гликопротеи́нҳо''' (куҳна ''гликопротеидҳо'') — сафедаҳои мураккаб, ки аз карбогидратҳо ибо...
(бе тафовут)

Нусха 09:13, 10 июни 2021

Гликопротеи́нҳо (куҳна гликопротеидҳо) — сафедаҳои мураккаб, ки аз карбогидратҳо иборатанд; массаи молекулаашон аз даҳҳо ҳазор то чандин млн.

Қариб дар ҳамаи бофта ва моеъҳои ҳайвоноту одам, рустанӣ ва микроорганизмҳо мавҷуданд. Ба Г. асосан мутсинҳо ва мукоидҳо мансуб мебошанд. Мутсин дар таркиби усораи ғадудҳои луоббарор, мас., дар оби даҳон, шираи меъда, моеи ҳароммағз ва нутфа, мукоидҳо дар таркиби бофтаҳои такягоҳ — устухон, ғузруф, пай, зуҷоҷияи чашм, сафедии тухм дучор меояд. Ба Г. бисёр сафедаҳои плазмаи хун (серулоплазмин, трансферин, протромбин), моддаҳои гурӯҳи хун, иммуноглобулинҳо, ферментҳо, ҳормонҳо (тиреотропин, ҳормони ангезаи фолликулаҳо) мансубанд. Миқдори карбогидратҳо дар Г. аз чанд ҳиссаи фоиз то 80 дарсад аст; бахши полисахаридии онҳо аз глюкозамин, галактозамин, галактоза, манноза ва дигар карбогидратҳо иборат мебошад. Вобаста ба таркиби аминокислотаҳо Г.-ро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: Г.-и дорои дастаи маъмулии аминокислотаҳо ва андаке карбогидратҳо (3-40 %); Г.-и дорои дастаи махсуси аминокислотаҳо бо бартарии серин ва треонин, инчунин миқдори зиёди карбогидратҳо (60-80 %).

Эзоҳ

Сарчашма