Ҳаким Маҳмудов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
No edit summary
Сатри 28:
}}
 
'''Ҳаким Маҳмудов''' (14.06.1932, деҳаи Талбари ноҳияи Ховалинги вил. Хатлон — 1996, Душанбе), — навозандаи мумтоз (ғижак, думбура), оҳангсози тоҷик. мутриби [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев]], [[Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]] ([[1975]]).
 
== Зиндагинома ==
Ҳаким Маҳмудов солҳои 1950-19511950—1951 дар Театри драмавӣ-мусиқии ш. [[Кӯлоб]], солҳои 1951-19601951—1960 дар [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев]] ва 1960-19741960—1974 дар [[Кумитаи давлатии оид ба телевизион ва радиошунавонӣ]] кор кардааст. Дар як вақт (1953-19571953—1957) дар [[Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов|омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе]] ғижакнавозиро аз композитор [[Хайрулло Абдуллоев]] омӯхтааст. Аз соли 1978 то охири умр навозандаи [[Ансамбли давлатии «Шашмақом»|ансамбли ҳофизони мақомхони]] [[Кумитаи давлатии оид ба телевизион ва радиошунавонӣ]] фаъолият дошт. Маҳмудов аз соли 1975 инчунин дар [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи мусиқии анъанавӣ фаъолият намудаст.<ref name="ReferenceA">Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.226. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2{{ref-tg}}</ref>
 
== Эҷодиёт ==
Маҳмудов яке аз навозандагони мумтози сози [[думбура]] буда, онро ҳамчун сози якканавозӣ дар ҷумҳурӣ машҳур намуд. Маҳмудов барои думбура бо ҳамовозии ансамбли созҳои халқӣ як миқдор наво офаридааст, ки «Сезарб», «Баҳори кӯҳистон», «Машқи ҷавонӣ», «Қақраи кабк» ва ғ. аз қабили онҳост. Сурудҳои ӯ «Боғчаро бин, сабза дорад», «Гул кун ба бахти мо Ватан», «Дар саҳни чаман», «Деҳқонбача», «Доғи дил», «Чашми адаб» ва ғ. аз тарафи ҳофизон иҷро шуда, дар фонди радио сабт шудаанд. Маҳмудов силсилаи навоҳои халқиро бо думбура сабт намудааст, ки дар хазинаи радио маҳфузанд («Фалаки даштӣ», «Роғӣ», «Ғарибӣ», «Нозанин», «Рози дил», «Дарди гул», «Баҳор омад», «Нигор» ва ғайра). Маҳмудов аз с. 1975 инчунин дар [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи мусиқии анъанавӣ фаъолият намуда, як зумра ҳофизонро думбура омӯхтааст. (М. Сафиева, З. Нурова, М. Шарифова ва диг.). Ба як қатор мамлакатҳои хориҷӣ: Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон, Ҷопон сафари ҳунарӣ кардааст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.<ref name="ReferenceA"/>
 
== Нигаред ==
* [[Феҳристи ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон]]
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}